Қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» мавриди баррасии вакилон қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 23.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Палатаи ҳисоб, вазоратҳои молия, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва иқдом намудан ба роҳи барпо намудани давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд майли худро барои пешбарии рушди баробар ва одилонаи ҷинсҳо тавассути мустаҳкам кардани заминаи қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсати пайгирона, аз ҷумла дар самти сиёсати гендерӣ тақвият дод.
Дар ин раванд яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин пешрафти занон дар ҷомеа, таҳкими мақому манзалати онҳо, таъмини ҳуқуқҳои инсониву конститутсионӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ буд, ки раванди мазкурро бе пешгирии омили номатлуби зӯроварӣ дар оила ва қадамҳои устувор гузоштан дар ин самт тасаввур кардан ғайриимкон буд.
Ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмину кафолати ҳуқуқу манфиатҳои занону духтарон аз тарафи давлат ва ҳукумат ва мақоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи муқовимат бо савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» таҳия ва қабул гардида, дар заминаи қонунҳои болозикр ба дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ гардидаанд, ки барои таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва пешгирии зӯроварӣ дар оила мусоидат намуда истодаанд.
Сумангул Тағойзода ҳамчунин иброз намуд, ки новобаста аз қабул ва амали санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи пешгирии зӯроварӣ дар оила ҳанӯз ҳам дар фаъолияти субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила, ки ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд дар доираи муносибатҳои оилавӣ, инчунин муайян ва бартарафсозии сабаб ва шароити ба он мусоидаткунанда равона карда шудааст, камбудию норасоиҳо ҷой доранд.
Аз ин рӯ, ба хотири беҳтарнамоии фазои қонунгузорӣ ва бартарафнамоии норасоиҳои ҷойдошта, тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2017 дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба бартарафсозии қолабҳои гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва пешгирии зӯроварӣ дар оила се гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки зергурӯҳҳо вобаста ба самти фаъолият дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оила фаъолият доранд.
То имрӯз аз ҷониби зергурӯҳҳои мазкур зиёда аз 50 адад санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаи мазкур баррасӣ гардида, бобати такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили «Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» пешниҳодҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидаанд.
Сипас, аз рӯи масъалаи рӯзнома дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоамон Рофизода, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бароталӣ Ҳомидзода, Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Ҳасанзода бо гузориши муфассал баромад намуданд.
Дар интиҳо баъди саволу ҷавоби вакилони мардумӣ ва музокираҳо бо назардошти таклифу пешниҳодот ва эродҳое, ки дар гузоришу маълумот ва саволу баромадҳо зикр гардиданд, тавсияҳои парлумонӣ қабул гардиданд.
АКСҲО: МН МО ҶТ










Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд
Ҷаласаи навбатии кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занони Маҷлиси миллӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Маҳмадшоҳ Гулзода дар ҷаласаи 24-уми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Маҷлиси намояндагон тағйирот ба Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалиро қабул намуд
Дар Танзания вохӯрии ҳамоҳангсозии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои СААД доир шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид






