Қосимшо Искандаров, профессор, саркотиби илмии АМИТ: Ба сари қудрат омадани «Толибон»* дар Афғонистон хатари терроризми глобалиро ба рӯзномаи ҷаҳонӣ баргардонд

Декабрь 10, 2021 11:40

ДУШАНБЕ, 10.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба сари қудрат омадани «Толибон»* дар Афғонистон хатари терроризми глобалиро ба рӯзномаи ҷаҳонӣ баргардонд. Ин нуктаро дар мусоҳиба бо Директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ, ки имрӯз дар бахши русии сомонаи Агентӣ таҳти сарлавҳаи «ПЛЮС ПУШТУНИЗАЦИЯ ВСЕЙ СТРАНЫ…». Директор НИАТ «Ховар» и главный ученый секретарь Национальной академии наук Таджикистана беседуют о том, кто такие талибы и что ждет Афганистан при их правлении» нашр гардид, саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Афғонистон, доктори илмҳои таърих, профессор Қосимшо Искандаров тазаккур дод. 

Мавсуф дар идома зикр менамояд, ки тамоми асосҳо вуҷуд доранд ба он бовар кунем, ки ин кишвар ҳамчун яке аз гармтарин нуқтаҳои сайёра ба бетартибиҳои боз ҳам бештар дучор хоҳад шуд ва он метавонад дубора ба маркази таълими террористон, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ табдил ёбад.

Дар тақвияти ин гуфтаҳо саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии СММ ёдовар шуда, аз он чунин иқтибос меорад: «Мардуми осоиштаи Афғонистон имрӯз бо даҳшат рӯ ба рӯ шудааст. Мо бояд дарк кунем, ки ин ҳолат аз берун ташкил ва ба мардуми Афғонистон таҳмил шудааст. Гурӯҳҳои гуногуни террористӣ бо истифода аз вазъи ноустувори низомиву сиёсӣ дар Афғонистон мавқеи худро фаъолона мустаҳкам карда истодаанд».

Ба гуфтаи ӯ, агар, тавре Пешвои миллат дар суханронии худ изҳор доштанд, тадбирҳои таъҷилӣ андешида нашаванд, вазъ метавонад боз ҳам бадтар шавад.

Қосимшо Искандаров зикр намуд, ки СММ ва давлатҳои абарқудрат бояд аз «Толибон»* талаб намоянд, ки ваъдаҳои худро иҷро кунанд, ҳукумати фарогир ташкил диҳанд, ба ҳуқуқи занон ва ақаллиятҳои миллӣ эҳтиром гузоранд ва бар зидди терроризми байналмилаливу қочоқи маводи мухаддир мубориза баранд.

Дар посух ба саволи Директори АМИТ «Ховар» роҷеъ ба он ки агар «Толибон»* чунин накунанд, чӣ мешавад?, саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иброз дошт, ки он гоҳ Афғонистон бояд ба марҳилаи навбатии ҷанги хунини шаҳрвандӣ омода бошад ва пас аз он мебояд неруҳои посдори сулҳи СММ ба хоки ин кишвар дароварда шаванд.

«Вуруди неруҳои посдори сулҳ ҳоло дар нақша нест, аммо нақшаҳо метавонанд хеле зуд тағйир ёбанд. Ин ҳолати муқаррарист. Он гоҳ, танҳо баъди аз байн бурдани «Толибон»* ва баргузории интихоботи озод таҳти назорати посдорони сулҳ метавон чизи мусбатро интизор шуд…», — тазаккур дод дар фарҷоми суҳбат Қосимшо Искандаров.


_______________

* Гурӯҳи террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон

Декабрь 10, 2021 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид