Паҳлавонони навраси тоҷик дар нахустин рӯзи Чемпионати Осиё-Уқёнусия соҳиби ду медали биринҷӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 03.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бейрути кишвари Лубнон Чемпионати Осиё-Уқёнусия (Asia-Oceania Cadet Championships 2021) идома дорад. Дар нахустин рӯзи мусобиқа Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҷасур Лутфишоев дар вазни -50кг, Меҳрона Маҳмадзода дар вазни-52кг, Суруш Эркаев дар вазни -60кг ва Муҳаммад Юсуфзода дар вазни -66кг муаррифӣ намуданд.
Имрӯз, 3 декабр се паҳлавони тоҷик — Сунатулло Мусоев дар вазни-73кг, Сомонӣ Кишваров дар вазни-90кг ва Парвиз Абдураҳмонов дар вазни+90кг вориди майдони рақобат мешаванд.
Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.
Ҷасур Лутфишоев дар вазни -50кг рақобатро аз чорякниҳоӣ оғоз карда, дар ин давр бар варзишгари Яман – Маҳир Эйса дар 40 сония дастболо шуд. Мутаассифона, дар мубориза барои медали биринҷӣ аз варзишгари узбек – Фазлиддин Шокиров бо ду «ваза-ари» мағлуб ва соҳиби зинаи панҷум гашт. Миёни бонувон Меҳрона Маҳмадзода дар вазни -52кг дар чорякниҳоӣ аз Карина Сидиқоваи қирғиз ва дар рақобат барои нишони биринҷӣ аз варзишгарбонуи Ҳиндустон – Токас Таништҳа ноком шуд.
Сируш Эркаев дар вазни -60кг дар даври аввал ба муқобили паҳлавони мизбон – Георги Югай мубориза бурд. Варзишгари тоҷик ҳарифро бо лат додани даст дучори шикаст намуда, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин давр Сируш бо Аян Байкенжеев аз Қазоқистон қувваозмоӣ кард. Паҳлавони тоҷик дар вақти асосии рақобат натавонистанд ғолибро муайян кунанд ва кор ба вақти тиллоӣ кашида шуд. Ниҳоят дар «голден скор» Суруш Эркаев бо иҷрои «коши ваза» ҳарифро мағлуб кард ва ба нимниҳоӣ баромад. Дар даври нимниҳоӣ варзишгари тоҷик аз Сардор Ҳиматов (Узбекистон) бо дарёфти се «шидо» (огоҳӣ) мағлуб шуд.
Дар мубориза барои нишони биринҷӣ бар варзишгари Қирғизистон — Эрменхан Токторгазиев дастболо ва сазовори нишони биринҷӣ шуд. Муҳаммад Юсуфзода дар вазни -66кг дар чорякниҳоӣ бар варзишгари мизбон – Умар Ал Ноуар дар 27 сония ғолиб гашт. Мутаассифона, дар нимниҳоӣ аз варзишгари Қазоқистон Акбар Алтай бо «иппон» шикаст хӯрд. Дар рақобат барои медали биринҷӣ бо варзишгари Қирғизистон – Нурсултан Шамсиев даст ба гиребон шуд. Дар дақиқаи дуюми сабқат паҳлавони тоҷик пас аз иҷрои зиддиусул ҳарифро ба замин зада, тавонист ӯро дар ҳолати «осаекоми» нигаҳ дорад ва ғолиби ин рақобат гардад. Барои Муҳаммад Юсуфзода ин аввалин медал аз мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳсуб мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд
Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев дар 60-солагӣ аз дунё даргузашт
Мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Сербия сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» таъйин гардид
Ба дастаи «Сардор» медалҳои нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 супорида шуданд
Мутахассиси шинохтаи футболи тоҷик Шариф Назаров дар 80-солагӣ аз олам даргузашт






