Рӯзномаи «Меҳтарони Хатлон» таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 29.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Соли нави мелодӣ нашрияи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Бохтару Кӯлоби вилояти Хатлон — рӯзномаи вилоятии «Меҳтарони Хатлон» таъсис дода шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Тавре раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон С. Исмоилзода зикр кард, рӯзномаи «Меҳтарони Хатлон» бо дастгирии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода таъсис дода шуда, дар арафаи Соли нави мелодӣ барои насли калонсоли вилоят туҳфаи арзанда гардид.
— Мо, собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Хатлон басо хушнудем, ки роҳбарияти вилоят дар ҳаққи мо, насли калонсол чунин ғамхориҳо зоҳир менамояд. Акнун мо имкон дорем тавассути ин рӯзнома барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ, инсондӯстӣ ва ватанпарастӣ талош намоем ва дар ободонии Ватан саҳми босазои худро гузорем, — афзуд С. Исмоилзода
Аксҳо аз манбаъҳои озод








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






