Рустам Ҳайдаров: Паёми Президенти Тоҷикистон дар шароити мураккаби геополитикӣ ва геоиқтисодии ҷаҳони имрӯза ҳуҷҷати роҳнамост

Декабрь 24, 2021 12:25

ДУШАНБЕ, 24.12.2021. /АМИТ “Ховар”/. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ба падидаи рақамикунонӣ, ки имрӯз яке аз равандҳои асосии ҷаҳонишавӣ маҳсуб мешавад,  таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Аз ҷумла, Сарвари давлат Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди неруи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд.

Вобаста ба ин мавзӯъ андешаҳои доктори илмҳои фалсафа, муовини Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Рустам ҲАЙДАРОВро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

— Дар ҳақиқат ҷаҳони имрӯзаро бидуни раванди рақамикунонӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Рақамикунонӣ- ин васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт: саноат, иқтисодиёт, маориф, фарҳанг, хизматрасонӣ ва ғайра мебошад. Ин падида дар натиҷаи рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, микроэлектроника ва коммуникатсия дар аксар давлатҳои ҷаҳон ба амал меояд. Рақамикунонӣ раванди глобалиест, ки  доираи таъсири худро дар миқёси сайёра  торафт васеътар мекунад. Асоси раванди рақамисозӣ дар воқеияти муосир интернет  ба ҳисоб меравад. Интиқоли иттилоот ба шабакаи глобалӣ тавассути дастгоҳҳои иртиботӣ — гаҷетҳои гуногун амалӣ карда мешавад.

Технологияҳои рақамӣ одамонро аз ҳар тараф иҳота мекунанд: онҳо дар ҳар хона, муассиса, корхона, заводҳо, беморхонаҳо, мактабҳо, донишгоҳҳо мавҷуданд. Онҳо барои эҷоди воқеияти васеъшуда ва маҷозӣ, омӯзиши мошинсозӣ, робототехника, зеҳни сунъӣ, тандурустӣ, таҳқиқоти илмӣ, кишоварзӣ истифода мешаванд. Дар зери таъсири рақамикунонӣ инсоният дар раванди дигаргунсозии иҷтимоӣ қарор дорад. Рақамикунонӣ, қабл аз ҳама, ба худи мо — ҷомеа таъсир мерасонад. Рақамикунонӣ айни замон ба ҳама соҳаҳои ҳаёт ва кор таъсири махсусан мудаввом ва шадид дорад. Пешрафт ва рушди  минбаъдаи дилхоҳ ҷомеа ва давлат  бо раванди рақамикунонӣ, хусусан  дар соҳаи иқтисодиёт алоқамандии стратегӣ дорад. Ба ҳамин хотир Пешвои миллат иброз намуданд, ки ба “рақамикунонии бомароми иқтисоди миллӣ ва ташаккул додани заминаи технологии он ба ислоҳоти соҳаи алоқа тақвият бахшида, гузариши тадриҷӣ ба иқтисоди рақамӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳо таъмин карда шавад”.

Дар асл, рақамикунонӣ, пеш аз ҳама, табдил додани иттилооти муҳимро ба шакли рақамӣ барои таъмини истифодаи самараноки он дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон ва ташаккули қобилиятҳои нави коммуникатсионӣ ва маърифатӣ дар бар мегирад. Худи рақамикунонӣ ин имкониятҳоро тавсеа дода, аллакай маконҳои нави инсонӣ- рақамӣ, маҷозӣ ва технологиро ба вуҷуд меорад. Рақамикунонии ҷаҳонӣ як намуди нави фарҳанги ҷомеаи муосир — фарҳанги рақамиро ташкил медиҳад, ки модернизатсия ва системаи таҳсилоти касбиро дар самти омодагӣ ба истифодаи дурусти имконияти навовариҳои технологӣ ва рушди сифатҳои дахлдори аз ҷиҳати касбӣ муҳим бо кумаки онҳо тақозо мекунад.

Ба андешаи мо, рақамикунонӣ ба ташаккул ва рушди сармояи инсонӣ, бахусус ба ду самти муҳими такрористеҳсоли он – маориф ва тандурустӣ низ таъсир хоҳад гузошт.

Рақамикунонӣ дар системаи маориф ва махсусан  амалишавии раванди таълим ва омӯзиш, истифодаи донишҳои бадастомада ва дастрасӣ ба донишҳои нав  таъсири назаррас хоҳад дошт.

Ба назари мо, дурнамои наздики рақамикунонӣ дар системаи маорифи кишвар бояд се самти муайянкунандаро дар бар гирад:

якум, муҷаҳҳазонидани муассисаҳои таълимӣ бо барномаҳои компютерии баландсифат, системаҳои иттилоотие, ки дастрасиро ба захираҳои таълимӣ таъмин мекунанд; дуюм, ин ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ (масофавӣ) мебошад, ки ҳамкории ғайримустақими байни донишҷӯ ва омӯзгорро дар бар мегирад; ва саввум, омӯзиши онлайн (e-leaming), ки ба дилхоҳ шахс имкон медиҳад, ки фаъолияти таълимӣ ва ҳамкории онлайн миёни донишҷӯён ва омӯзгоронро ташкил кунед.

Албатта,  рақамикунонӣ талаботро нисбат ба омӯзгорон ва донишҷӯён тағйир медиҳад, ба ташаккули сохторҳои нави ташкили таълим мусоидат мекунад. Коркарди шаклҳои нави таҳсилоти рақамӣ ҳамзамон тағйироти мураккаби сохтори таълим, тағйироти ногузир дар шаклу усулҳои муқаррарии таълимро дар назар дорад. Аз ин ҳама гуфтаҳо ба хулосае омадан мумкин аст, ки таҷдиди таҳсилоти олии ватанӣ ногузир аст, он бояд ҳамқадами замон бошад.

Президенти Тоҷикистон иброз мекунанд, ки дар қаринаи ҷаҳонишавӣ “ба масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили нақшаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва тайёр кардани мутахассисони касбҳои нав эътибори ҷиддӣ дода шавад”.

Дар ҳақиқат мазмун ва самти таълим вобаста ба мушкилоти иҷтимоии марбут ба рақамикунонӣ  бояд тағйир ёбад ва маориф бояд барои бартараф намудани онҳо кумак расонад. Аз сабаби афзоиши беандозаи донишҳои нав ва суръате, ки донишҳои мавҷуда аз ҳисоби ғояҳои нав тағйир меёбанд, ба даст овардани салоҳиятҳо дар коркарди иттилоот ва азхудкунии донишҳо аҳамияти бештар пайдо мекунад. Дар ин қарина Пешвои миллат дар Паёми худ  зикр намуданд, ки “Вазорати маориф ва илм ҳамчунин вазифадор карда мешавад, ки вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд”.

Тағйироти рақамӣ имрӯз  ба воқеияти рӯзмарра табдил ёфтааст. Қариб дар ҳама ҷо одамон дар ҷаҳони рақамӣ зиндагӣ мекунанд: дар хона ё дар роҳ, дар мактаб ё донишгоҳ ва дар ҷои кор. Ҳар шахс метавонад ба таври электронӣ қариб дар ҳама ҷо муошират кунад, иттилоъ гирад, маълумотро коркард кунад, матнҳо эҷод кунад, мол ва хидматҳоро тавассути Интернет харад, инчунин тахассуси худро дар интернет омӯзад ё такмил диҳад. Масалан, рақамикунонӣ ба соҳаи тандурустӣ имкон медиҳад ё мусоидат мекунад, ки ташхис ва табобати беморро  осон кунад ва дар оянда нигоҳубини тандурустиро, бахусус дар деҳот дастгирӣ кунад. Системаҳои рақамӣ ҷараёнҳои бузурги шабакаҳои барқи мо ва истифодаи мақсадноки манбаъҳои барқароршавандаи энергияро идора мекунанд, нишондиҳандаҳои экологии воситаҳои нақлиётро беҳтар мекунанд.

Рақамикунонӣ боиси тағйироти амиқ дар мазмуни иттилоот ва қабули қарорҳои инсон ва инчунин дар   шакли муоширати одамон мегардад: торафт бештар объектҳо ва равандҳои ҳаёти ҳаррӯза бо ҳамдигар ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ  ба шакли рақамӣ   иртибот барқарор мекунанд.

Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ бозорҳои ҷаҳониро  боз ҳам бештар ба ҳамдигар вобаста намуда, ба таҷдиди сохтор ва суръатбахшии иқтисодиёти ҷаҳонӣ   заминаи воқеӣ мегузоранд.

Тағйироти рақамӣ имрӯз масъалаи мубрами илм ва иқтисод, ҷомеа ва сиёсат шудааст. Дар даврони рақамикунонии ҷомеаи ҷаҳонӣ  фароҳам овардани шароит барои зиндагӣ, омӯзиш, кор ва тиҷорат дар ҷаҳони рақамӣ шарти асосии рушди босуръат барои дилхоҳ давлат маҳсуб  мешавад.

Дар тамоми соҳаҳои ҷомеаҳои мутараққии ҷаҳон имрӯз истеҳсол ва рақамикунонии маълумот, масалан, дар соҳаи тандурустӣ ва молия, дар соҳаи нақлиёт ва энергетика, дар мониторинги ҷойҳои ҷамъиятӣ ва идоракунии давлатӣ (ҳукумати электронӣ) босуръат меафзояд. Ба шарофати афзояндаи имконияти техникии коркарди ҳарчи зудтари додаҳои калон ва гуногунҷабҳа  аз ҷониби саноат ва давлат, ки дар қаринаи рақамикунонӣ амалӣ мешаванд, қобилияти идоракунии равандҳои гуногуни соҳаҳои соҳибкорӣ ва молия такмил меёбанд. Рақамикунонӣ   ба соҳаи молияи дилхоҳ давлат имконият медиҳад, ки ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ  мутобиқ шаванд ва   ба ин восита ба рушди  низоми муосири иқтисодӣ ва ҷалб кардани сармояи дохиливу хориҷӣ ба низоми бонкӣ замина ба вуҷуд оваранд. Аз ин лиҳоз Президенти кишвар  зимни ироаи Паёми худ иброз намуданд, ки сохторҳои дахлдори Тоҷикистон “ҷиҳати гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ, ба таври пурра татбиқ намудани барномаҳои муосири баҳисобгирии амалиёти молиявӣ ва васеъ ҷорӣ кардани рақамикунонӣ дар соҳа тадбирҳои судманд андешанд”.

Ҳамин тариқ, таъкид намудан бамаврид аст, ки рақамикунонӣ яке аз марҳилаҳои муҳимтарини ҷаҳонишавӣ буда, таъсири он ба ҳаёти инсоният беист афзоиш меёбад. Дар оянда маҳз сатҳи баланди рақамикунонии як кишвари алоҳидаи ҷомеаи ҷаҳонӣ рақобатпазирии бештари онро ҳам дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва ҳам дар сиёсати ҷаҳонӣ таъмин хоҳад кард. Аз ин рӯ Паёми навбатии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати роҳнамо барои тоҷикон дар шароити мураккаби  геополитикӣ ва геоиқтисодии ҷаҳони имрӯза мебошад, ки дар он вобаста ба   равандҳои муосири ҷаҳонишавӣ  ҳидоят ва тадбирҳои мушаххас барои ҳалли масоили рӯзмарраи ҷомеаи  мо  пешниҳод шудаанд.

 

АКСҲО: АМИТ “Ховар”

Декабрь 24, 2021 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент