«ШУКУФАҲОИ ПОЙТАХТ». Дар Душанбе Фестивали байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасони кишварҳои узви ИДМ оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 6.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — «Шукуфаҳои пойтахт» оғоз мешавад. Фестивал дар доираи «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» эълон гардидани шаҳри Душанбе аз 6 то 10 декабр идома меёбад. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, дар ин бора қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст.
Тибқи ин қарор, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст.
Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷиҳати ташкил ва баргузории Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ – «Шукуфаҳои пойтахт» 200 000 (дусад ҳазор) сомонӣ маблағ ҷудо намояд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, баргузории фестивали мазкур баҳри таҳкими муносибатҳои дӯстона байни кӯдакон ва наврасони соҳибистеъдоди кишварҳои узви ИДМ шароит фароҳам меорад.
Ҳадаф аз баргузории фестивал омӯзиш ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, адабиёту санъат ва тамаддуни ҳамдигарӣ ва дар ин замина мусоидат намудан дар муаррифӣ ва рушди эҷодиёти мусиқиву бадеии насли наврас мебошад.
Ба тамоми мақомоти пойтахт супориш дода шудааст, ки омодагии дуруст ба ин фестивали байналмилалиро дар сатҳи зарурӣ таъмин намоянд.
Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози асосии чорабинӣ таъйин гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар пойтахти кишвар Фестивали байналмилалии дӯстии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ – «Дар меҳмонии Душанбе» баргузор гардида буд.
Акс аз манбаъҳои боз








«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид






