ШУМО ТАНҲО НЕСТЕД! Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон ҷамъомади идона доир шуд

Декабрь 3, 2021 15:26

ДУШАНБЕ, 03.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон дар Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб ҷамъомади идона  баргузор гардид. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои 100 нафар шахсони маъюб ва имконияташон маҳдуд дастархони идона ороста шуда, кормандони бахши фарҳанги шаҳри Кулоб барномаи ҳунариро  манзури онҳо  намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.

Дар ҷамъомади идона роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, масъулони соҳаи маориф ва омӯзгорону дастпарварони муассисаи мазкур фаъолона иштирок намуданд.

Меҳмонон нахуст  аз маҳсули дастони хонандагон ва омӯзгорони шаҳр, ки дар даромадгоҳи муассисаи мазкур ба  тамошо гузошта шуда буд, дидан намуда, ба он баҳои баланд доданд.

Дар ҷамъомад иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода аз дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба шахсони имконияташон маҳдуд ёдовар шуда, изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар доираи имконияти мавҷуда ба ин қишри ҷомеа пайваста кумак мерасонад.

Зикр гардид, ки Рӯзи байналмилалии маъюбон аз соли 1992 инҷониб аз тарафи Ассамблеяи генералии СММ бо мақсади ҷалби ҷомеаи башарӣ ба ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд ва некӯаҳволии онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаётӣ муқаррар шуда буд. Айни замон 175 кишвари олам узви  КҲМ мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пуштибонӣ ва ғамхориҳои давлат нисбат ба маъюбон чунин баёни назар намуда буданд: «Ман ба кӯдакони ятиму бепарастор, маъюбону пиронсолони бесаробон муроҷиат карда, изҳор менамоям, ки шумоёнро ҳаргиз хору зор ва танҳо намегузорам».

“Дар пайравӣ аз иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони мақомоти давлатӣ, шахсони хайрхоҳ ва дигар ташкилоти хайрхоҳ нисбат ба нафарони маъюб  таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд”,- иброз дошт Бахтиёр Назарзода.

          АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Декабрь 3, 2021 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд