SIGAR ОНҲОРО ҶИНОЯТКОР ХОНД. Дафтари нозири генералии махсуси ИМА номи аъзои кабинаи вазирони «Толибон»*-ро, ки таҳти таҳрим қарор доранд, эълон кард

Декабрь 8, 2021 14:53

ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дафтари нозири генералии махсуси ИМА оид ба барқарорсозии Афғонистон (SIGAR) гузоришеро мунташир кард, ки дар он аъзои аршади ҳаракати «Толибон», ки таҳти таҳримоти Амрико қарор доранд, нишон дода шудаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «REGNUM» хабар дод.

Ба гузориши дафтари минтақавии агентии иттилоотии «Тасним», дафтари сарбозраси махсуси ИМА оид ба барқарорсозии Афғонистон дар гузорише дар бораи кабинаи «Толибон» аз исми мансабдорони аршади ҳаракат, ки таҳти таҳримҳо қарор доранд, ном бурд.

Тибқи гузоришҳо, сарвазири «Толибон»* Муҳаммад Ҳасан Охунд ва муовинони ӯ Мулло Абдулғанӣ Бародар ва Абдуссалом Ҳанафӣ ба рӯйхати таҳримҳо шомил шудаанд

Дар гузориш ҳамчунин гуфта мешавад, ки муовини сарвазири «Толибон»* оид ба масъалаҳои сиёсӣ Мавлавӣ Абдулкабир, муовини вазири мудофиа Муҳаммадфозил Мазлум, раиси идораи муассисаҳои ислоҳӣ Нуриддини Торобӣ ва вазири корҳои дохила Сироҷиддин Ҳаққонӣ низ таҳти таҳрим қарор доранд.

SIGAR эълон кард, ки ба рӯйхати таҳримҳо ҳамчунин муовини вазири корҳои дохилии «Толибон»* оид ба амният Муҳаммад Иброҳим Садр, иҷрокунандаи вазифаи сардори хадамоти иктишофӣ Абдулҳақ Васиқ ва вазири корҳои хориҷии «Толибон»* Амирхон Муттақӣ шомил мебошанд.

Дафтари сарбозраси махсус таъкид мекунад, ки таҳримот бар зидди ин афрод барои аъмоли ҷиноӣ татбиқ шудааст.

_________________

* «Толибон» — ташкилоте, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 8, 2021 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид