Соҳибкори шаҳри Турсунзода ба ниёзмандон кумаки моддӣ расонид

Декабрь 25, 2021 09:26

ТУРСУНЗОДА, 25.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкори саховатпешаи Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода Шавкат Муҳаммадиев, ки роҳбари хоҷагии деҳқонии «Абдулло»  мебошад, ба 150 оилаи ниёзманди ҷамоат 50-килоӣ орд, 3-литрӣ равғани растанӣ ва 2 кг гӯшт кумаки моддӣ  намуд, хабар дод  котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба мухбири АМИТ «Ховар».

Ба иттилои манбаъ,  ҷавонмарди хайрхоҳ Шавкат Муҳаммадиев ният дорад рӯзҳои наздик ба шарафи Соли нави мелодӣ  боз ба 100 оилаи дигар кумаки хайриявӣ расонад.

Ҳамчунин бо дастгирии ташкилоти хайриявии «ОРИЁ» барои 145 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуди муассисаи хизматрасонии иҷтимоии «Ширин», ятимон ва нимятимон ба истиқболи Соли нави 2022 барномаи хайриявӣ доир гардид. Зимни он  барои кӯдакони эҳтиёҷманд барномаи фарҳангӣ ва бозиҳои шавқовар баргузор карда, ба онҳо туҳфаҳои солинавӣ тақдим  намуданд.

Бояд гуфт, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бахшида ба Соли нави мелодӣ ятимону маъюбони шаҳр ва оилаҳои сатҳи зиндагияшон вазнин аз чунин эҳсонкориҳои соҳибкорону мақомоти иҷроия пайваста бархурдор мегарданд.

 

 

АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Декабрь 25, 2021 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад