«Somon Air» ва «Hans Biotech» оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамлу нақли ҳавоӣ ва пайвастнамоии хатсайрҳо Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 02.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иқдомҳои рушди сайёҳӣ миёни ширкати ҳавопаймоии «Somon Air» ва ширкати «Hans Biotech»-и Корея Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамлу нақли ҳавоӣ ва пайвастнамоии хатсайрҳо ҷиҳати сафари мувофиқ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Корея ва шаҳрвандони Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.
Ба АМИТ «Ховар» аз ширктаи ҳавопаймоии «Сомон Эйр» итилоъ доданд, ки санади мазкурро аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» директори генералӣ Суҳроб Ҷӯраев ва аз ҷониби ширкати «Hans Biotech» муассиси он Бекхи Хан ба имзо расониданд.
Тибқи шартҳои Ёддошти ҳусни тафоҳум ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе ба таври мунтазам ва ҳамчунин дар заминаи дархостҳои алоҳида роҳандозӣ менамояд. Ширкати «Hans Biotech» уҳдадор аст парвозҳоро бо хатсайри Тошканд-Сеул-Тошканд тавассути хатсайрҳои мунтазам ва чартерии ширкати ҳавопаймоии “Asiana Airlines” ташкил намояд.
Интизор меравад, ки иҷрои парвозҳо дар масири пайвастшаванда баҳори соли 2022 шурӯъ шавад.
Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Суҳроб Ҷӯраев зикр намуд, ки «ба шарофати тасмимҳои ҳукуматҳои ҳарду давлат муносибатҳои дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея тақвият меёбанд. Мо аз имзои ин санад хушнудем, зеро он имкони густариши равобити дуҷонибаро тавассути хатсайрҳои васлшаванда фароҳам меорад. Инчунин дар заминаи созишномаҳои код-шерӣ ва интерлайнӣ ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» имкон дорад шабакаи парвозҳои худро тавсеа дода, мусофирони бештареро фаро гирад».
Аксҳо аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»








Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Бонки рушди Авруосиё санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«РАҚАМИКУНОНИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ». Дар форуми байналмилалӣ 12 санади ҳамкорӣ имзо шуд
Дар Тоҷикистон нахустин коргоҳи истеҳсоли ранги хокавӣ барои хатҳои уфуқии роҳҳои мошингард ба истифода дода шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба 10,2 миллион доллар расид
Тоҷикистон 85 фоизи аҳолиро бо маҳсулоти ғизоии ватанӣ таъмин мекунад
Аъзои ҳайати Фландрияи Подшоҳии Белгия бо фаъолияти «Шаҳри ҳушманд» шинос гардиданд
Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ ҳамкориро дар самти рушди сармояи инсонӣ ва рақамикунонӣ густариш медиҳанд
Агентии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Душанбе 110 кг маҳсулоти гуногуни ҳасибии пастсифат ва ғайристандартиро ошкор намуд
Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист байни Тоҷикистон ва Муғулистон баррасӣ гардид
Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шуд
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ОБ. Барои Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти махсус дорад






