Созишномаи Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи разведкаи ҳарбӣ дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ мусоидат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 27.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Созишнома миёни вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи разведкаи ҳарбӣ ба ҳар ду кишвар дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ мусоидат хоҳад кард. Ин нуктаро 22 декабр Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо зимни муҳокимаи парлумонӣ, ки 22 декабр дар ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати шашум таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода сурат гирифт, тазаккур дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ба зикри Шералӣ Мирзо, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи разведкаи ҳарбӣ аз 10 июни соли 2021», дар асоси моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади тасдиқи он ҷиҳати эътибор пайдо намудан пешниҳод шудааст.
Он бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкорӣ миёни вазоратҳои мудофиаи ҳарду кишвар дар соҳаи разведкаи ҳарбӣ, аз ҷумла муқаррар намудани самтҳо ва тартиби ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
«Дар доираи созишнома ташрифи расмии роҳбарон ва вохӯрии кори мутахассисон доир гардида, мубодилаи мутақобилаи иттилоот доир ба вазъият дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дар ҳудуди давлати тарафҳо машғулияти муштарак ва махсус гузаронида мешаванд», — тавзеҳ дод Вазири мудофиа.
Ба иттилои ӯ, амалигардонии созишнома аз нигоҳи иқтисодию молиявӣ хароҷоти иловагӣ талаб накарда, дар доираи маблағҳои буҷетии ба соҳаи мудофиаи кишвар пешбинигардида ба роҳ монда мешавад.
«Тасдиқи он ба қонунгузории ҷумҳурӣ мухолифат накарда, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба миён намеорад, — гуфт Шералӣ Мирзо. — Бо дарназардошти болоравии таҳдиду хатарҳои минтақавӣ, аз ҷумла густариши гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар минтақа, амалигардонии созишномаи номбурда ба манфиати таъмини амнияти миллии ҳарду кишвар арзёбӣ мегардад».
Бояд тазаккур дод, ки дар иҷлосия вакилони Маҷлиси намояндагон «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодабарии фазои ҳавоӣ ва аэродромҳо», «Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи зиддиҳавоӣ» ва «Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи разведкаи ҳарбӣ»-ро тасдиқ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки созишномаҳои мазкур 10 июни соли 2021 зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба имзо расиданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони МО ҶТ








Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид






