Созишномаи Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи разведкаи ҳарбӣ дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ мусоидат хоҳад кард

Декабрь 27, 2021 15:16

ДУШАНБЕ, 27.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Созишнома миёни вазоратҳои  мудофиаи Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи разведкаи ҳарбӣ ба ҳар ду кишвар дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ мусоидат хоҳад кард. Ин нуктаро 22 декабр Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо зимни муҳокимаи парлумонӣ, ки 22 декабр дар ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати шашум таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода сурат гирифт, тазаккур дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ба зикри Шералӣ Мирзо, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи разведкаи ҳарбӣ аз 10 июни соли 2021», дар асоси моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади тасдиқи он ҷиҳати эътибор пайдо намудан пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкорӣ миёни вазоратҳои мудофиаи ҳарду кишвар дар соҳаи разведкаи ҳарбӣ, аз ҷумла муқаррар намудани самтҳо ва тартиби ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

«Дар доираи созишнома ташрифи расмии роҳбарон ва вохӯрии кори мутахассисон доир гардида, мубодилаи мутақобилаи иттилоот доир ба вазъият дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дар ҳудуди давлати тарафҳо машғулияти муштарак ва махсус гузаронида мешаванд», — тавзеҳ дод Вазири мудофиа.

Ба иттилои ӯ, амалигардонии созишнома аз нигоҳи иқтисодию молиявӣ хароҷоти иловагӣ талаб накарда, дар доираи маблағҳои буҷетии ба соҳаи мудофиаи кишвар пешбинигардида ба роҳ монда мешавад.

«Тасдиқи он ба қонунгузории ҷумҳурӣ мухолифат накарда, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба миён намеорад, — гуфт Шералӣ Мирзо. — Бо дарназардошти болоравии таҳдиду хатарҳои минтақавӣ, аз ҷумла густариши гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар минтақа, амалигардонии созишномаи номбурда ба манфиати таъмини амнияти миллии ҳарду кишвар арзёбӣ мегардад».

Бояд тазаккур дод, ки дар иҷлосия вакилони Маҷлиси намояндагон «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодабарии фазои ҳавоӣ ва аэродромҳо», «Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи зиддиҳавоӣ» ва «Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи разведкаи ҳарбӣ»-ро тасдиқ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки созишномаҳои мазкур 10 июни соли 2021 зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба имзо расиданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони МО ҶТ

Декабрь 27, 2021 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Сафири Олмон вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе саҳми шуроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия баррасӣ гардид
Дар шаҳри Душанбе шуъбачаи миллитсияи сайёҳӣ ташкил гардид
ЧАРО БАСТАНИ ТАСМАИ БЕХАТАРӢ ШАРТ АСТ? Истифодаи он кафолати бехатарии ҳам ронанда ва ҳам мусофир аст
Дар Бохтар лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мегардад
Дар Душанбе мулоқоти роҳбарони вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Беларус баргузор гардид
4364 САДАМАҲОИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР 4 СОЛ. Чӣ тавр пеши роҳи ин ҳодисаҳои нохушро бигирем?
Тоҷикистон дар муборизаи муштарак ба муқобили ҷиноятҳои фаромиллӣ фаъолона иштирок мекунад
Дар Душанбе ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Дар Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд