Табибони Тоҷикистон ва Туркия мубодилаи таҷриба менамоянд

Декабрь 9, 2021 08:47

ДУШАНБЕ, 9.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзонидани мутахассисони тоҷик аз рӯи ихтисосҳои ҷарроҳии эндоскопӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ бо таваҷҷуҳ ба ихтисосҳои вирусология, микробиологӣ ва эпидемиология  ба тариқи давраҳои омӯзишӣ-амалӣ дар шаҳрҳои Туркия, инчунин табодули таҷрибаи табибони Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи дорусозӣ зимни вохӯрии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ баррасӣ гардид, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни вохӯрӣ Ҷамолиддин Абдуллозода таассуроти худро аз иштирок дар Конференсияи рақамӣ ва Намоишгоҳи АвруОсиё-21, ки моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Анталияи Туркия доир гардид, иброз дошта, барои даъват ва пазироӣ ба ҷониби кишвари Туркия изҳори миннатдорӣ намуд.

Тазаккур дода шуд, ки ҳамкории вазоратҳои тандурустии Тоҷикистон ва Туркия дар доираи созишномаи соҳавӣ аз соли 1996 оғоз гардида, имрӯз дар марҳилаи рушд қарор дорад.

Зикр шуд, ки аз ҷониби кишвари Туркия дар доираи баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия масъалаҳои таҳкими ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ва васеъ намудани имконияти дастгирӣ, баимзорасонии созишномаи нави байниҳукуматӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илми тиб бо таваҷҷуҳ ба масъалаҳои  тандурустии ҷамъиятӣ ва пандемияи COVID-19 пешниҳод карда шудаанд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалисозии онҳо ҳавасмандии хешро иброз менамояд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Декабрь 9, 2021 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад