Тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор дар вазъияти тантанавӣ соҳиби туҳфаҳои Пешвои миллат шуданд

Декабрь 29, 2021 10:29

ҲИСОР, 29.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Соли нави мелодии 2022 дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор ҷамъомади идона доир гардид. Зимни он туҳфаҳои идонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро, ки аз сару либоси гарм,  пойафзолу шириниҳо иборат буданд, муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода ва Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ба 313 нафар тарбиягирандагони мактаб-интернат тақдим намуданд.  Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба хабарнигори АМИТ «Ховар» итилоъ доданд.  

Ҳамчунин дар баробари тақдими туҳфаҳои солинавӣ ба хотири болидарӯҳии кӯдакони имконияташон маҳдуд дар ошхонаи муассиса дастурхони идона ороста шуда, аз ҷониби аҳли ҳунари бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини консертӣ намоиш дода шуд.

Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони эҳтиёҷманд ва ятимону маъюбон таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, аз тарафи давлату Ҳукумат барои дастгирии доимии қишри ниёзманди ҷомеа тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.​

 

АКС аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Декабрь 29, 2021 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад