Тоҷикистон ва Русия ҳамкориро дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар муҳокима карданд

Декабрь 18, 2021 10:11

ДУШАНБЕ, 18.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр дар Москва  Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Андрей Храпов мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати маводи нашъаовар хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар муҳокима намуданд.

Инчунин, дар ҷараёни   ин вохӯрӣ мушкилоти амнияти минтақавӣ баррасӣ карда шуд.

Ҷонибҳо лоиҳаи Созишномаи байни  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ ва мусоидат ба Агентӣ дар соҳаи муқовимат ба муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо  барои солҳои 2022 – 2024, ки дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад,  муҳокима карданд.

Дар ин робита, Андрей Храпов омодагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русияро барои баимзорасонии созишномаи мазкур изҳор дошт.

Ёдовар мешавем, ки Ҳайати Тоҷикистон таҳти  роҳбарии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода 16 декабр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар ҷаласаи кории гурӯҳи машваратии «Паймони Париж» ва ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя иштирок ва суханронӣ намуд.

АКСҲО: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ

Декабрь 18, 2021 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид