Туҳфаҳои идонаи Пешвои миллат ба 36 нафар хонандагони Мактаб-интернати ноҳияи Лахш тақдим гардиданд
ЛАХШ, 30.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода ва муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода туҳфаҳои солинавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба 36 нафар хонандагони Мактаб-интернати назди муассисаи миёнаи умумии рақаи 1 – и ноҳия тақдим намуданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд хислатҳои неки инсонист. Дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳу ғамхориҳо нисбат ба ятимону маъюбон, бепарасторон, дардмандону оилаҳои эҳтиёҷманд дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз амалҳои хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд.
Дар доираи чунин иқдому тадбирҳои муҳим ва хайрхоҳонаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оилаҳои эҳтиёҷманд, хусусан ятимону шахсони дорои имконияти маҳдуд дар ноҳияи Лахш пайваста дастгирӣ гардида, зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор доранд.
Дар пайравӣ ба сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии нохияи Лахш дар рӯзҳои охири соли 2021 ва фарорасии Соли нави мелодии 2022 ба ятимони кулл ва маъюбон кумакҳои моддӣ, иборат аз маҳсулоти хӯрокворӣ ва туҳфаҳои идона тақдим карда шуданд.
АКС аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш








Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






