Вакили Маҷлиси намояндагон Мироҷ Абдуллоев ба мактаби №19-и Муъминобод мизу курсӣ тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 14.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 19, воқеъ дар деҳаи Лангар-Калони Ҷамоати деҳоти ба номи Боғгаии ноҳияи Муминободи вилояти Хатлон аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев як миқдор маводи таълимӣ, аз ҷумла 60 адад миз ва 50 адад курсиҳо барои утоқҳои кории муаллимон харидорӣ ва тақдим карда шуд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ “Ховар” хабар дод, дар ин радиф, маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 19, воқеъ дар деҳаи Лангар-Калони Ҷамоати деҳоти ба номи Боғгаии ноҳияи Муминободи вилояти Хатлон марбут ба ҳавзаи интихоботии якмандатаи рақами 38-и ин ноҳия ҳанӯз дар вохӯриҳои пешазинтихоботӣ ва баъдан дар мактуби худ ба унвони вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев дархост карда буданд, ки муассисаи онҳо бо мизу курсиҳо, катҳои хоб ва дигар маводи таълимию тарбиявӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити зарурӣ таъмин карда шавад.
Бо назардошти ҳолати воқеӣ дар муассисаи мазкур аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев тасмим гирифта шуд, ки бо истифода аз ҳамаи имконият барои беҳдошти шароити таълимию тадрисӣ дар ин муассисаи таҳсилотии умумӣ ба онҳо як миқдор маводи таълимӣ, аз ҷумла 60 адад миз ва 50 адад курсиҳо барои утоқҳои кории муаллимон харидорӣ ва тақдим намояд.
АКС аз манбаъҳои боз








АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид






