Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори Кумитаи 23-юми умумии конфронси иттиҳоди парлумонии кишварҳои аъзои СҲИ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 15.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар шаҳри Истанбул Кумитаи 23-юми умумии Конфронси иттиҳоди парлумонҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ дар мавзӯи «Мубодила, виҷдон ва ислом, Фаластин, муҳоҷират ва Афғонистон» баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати вакилони Парлумони Тоҷикистон — муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва узви кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода иштирок намуданд, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».
Зимни конфронс, ки чанде қабл баргузор гардид, Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафо Шентоп, Котиби кулли ин созмон, Президенти Ҷумҳурии Туркия Редҷеп Эрдоган ва намояндагони кишварҳои аъзои ин созмон вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Фаластину Афғонистон ва махсусан вазъи муҳоҷиратро дар раванди пандемияи фарогир баррасӣ намуданд.
Дар ҷараёни ин конфронс масъалаҳои ташкилӣ низ баррасӣ гардида, ҳайати комиссияҳи созмон аз нав интихоб карда шуд.
Вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода ҳамчун узви комиссияи иқтисодии ин кумита интихоб карда шуд.
Мувофиқи рӯзномаи ҷаласа, барномаҳои кории ин созмон барои солҳои 2022 ва 2023 баррасӣ шуда, нисбат ба онҳо қарорҳо қабул гардиданд.
Дар охири кори конфронс аз ҷониби ҳамаи аъзои Созмон Изҳорот оид ба беҳтар намудани вазъи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии Фаластину Афғонистон ва пешгириву мусоидат ба ҳолати иҷтимоии муҳоҷирони мусулмон қабул карда шуд.
Ҳамчунин зимни ин сафар бо ҳайатҳои парлумонии дигар кишварҳои аъзои созмон вохӯрию суҳбатҳо доир гардида, дар бораи Тоҷикистон ва Парлумони мамлакат, инчунин вазъи кунунии иқтисодиёти кишвар мубодилаи афкор сурат гирифт.
Сафари мазкур ҷиҳати мустаҳкам намудани робитаҳои байнипарлумонӣ бо дигар кишварҳои аъзои созмон шароити мусоид фароҳам овард.
АКС: МН МО ҶТ








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






