Вакилони Маҷлиси намояндагон Қонун «Дар бораи инҳисороти табиӣ»-ро баррасӣ намуданд

Декабрь 8, 2021 13:07

ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум,  ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инҳисороти табиӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд, хабар дод  котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ  «Ховар».

Зимни баррасии масъалаи мазкур зикр карда шуд, ки мақсади лоиҳаи мазкур бартараф намудани норасоиву носаҳеҳии меъёрҳои алоҳидаи қонуни амалкунанда ва мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додани муносибатҳои ҷудогона дар самти фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ мебошад.

Мутобиқи лоиҳа дар моддаҳои 4 ва 8-и қонуни амалкунанда калимаи «ташхиси» бо истилоҳи ҳуқуқии «экспертизаи» иваз карда шуда, тағйирот ба моддаи 6 бо назардошти талабот нисбат ба мол ва кору хизматрасонӣ, ки яке аз унсурҳои он бехатарӣ ба ҳисоб меравад, робита дошта, сархати шашуми иловашуда минбаъд назорати истифодаи кумакпулии давлатӣ ва дигар тадбирҳои дастгирии давлатиро пешбинӣ менамояд.

Инчунин тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида, ба моддаи 18 қисмҳои чорум ва панҷум бо мазмуни зерин илова карда мешаванд:

Субъектҳои инҳисороти табиӣ бо риояи талаботи марбут ба ифшо накардани маълумоти дорои сирри бо қонун ҳифзшаванда дар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла дар шабакаи Интернет дар бораи фаъолияти худ иттилоот нашр менамоянд.

Дастрасӣ ба иттилоот дар бораи фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад: дар бораи нархҳо (тарифҳо) барои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъектҳои инҳисороти табиӣ, ки нисбат ба онҳо танзими давлатӣ татбиқ мегардад;  дар бораи хусусияти асосии истеъмолии молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъектҳои инҳисороти табиӣ ва мутобиқати онҳо ба сифат, бехатарӣ ва дигар талаботи муқарраршуда; дар бораи шартҳои расонидани молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ба истеъмолкунандагон; дар бораи шартҳои пайвастшавӣ (пайвастшавии технологӣ) ба инфрасохтори субъектҳои инҳисороти табиӣ барои хизматрасонӣ ба истеъмолкунандагон ва дар бораи барномаҳои сармоягузорӣ ва рафти татбиқи онҳо.

Қабули лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати бартараф шудани камбудиву норасоиҳо ва татбиқи якхелаи қонун, васеъ шудани доираи субъектҳои инҳисороти табиӣ ва уҳдадории онҳо, инчунин дастрасии аҳли ҷомеа ба иттилооти марбут ба фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ мусоидат менамояд.

Дар иҷлосия ҳамчунин Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба таъсиси системаи муттаҳидаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аз  27 апрели соли 2021,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ», Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Масъалаҳои мазкурро ба вакилони Маҷлиси намояндагон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзодода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода,  Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзод,  раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода,  муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Рустам Шоҳмурод, Рустам Латифзода ва Файзалӣ Идизода, вакилони мардумӣ Мирзоанвар Ахмедов, Гулбаҳор Назирӣ, Ғиёсиддин Ашурзода, Гулбаҳор Ашурзода, Комрон Исмоилиён муаррифӣ намуда, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 8, 2021 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлолият имкон дод, ки дар Тоҷикистон ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб карда шавад
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Ҳайати Парламенти Федератсияи Русия бо бинои нави Парламенти Тоҷикистон шинос гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон Барно Саидвализода бо сокинону интихобкунандагон дар ноҳияҳои Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин ва Ховалинг вохӯрӣ намуд
Сомонаи нави Маҷлиси намояндагон ба фаъолият шуруъ намуд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо масъулони соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ намуд
Мавсума Муинӣ дар Форуми парламентҳои осиёӣ оид ба аҳолӣ ва рушд доир ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи захираҳои об ва иқлим сухан намуд
Дар палатаи поёнии Парлумон бахшида ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Кӯлоб барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо сокинони шаҳри Бохтар вохӯрӣ намуданд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо кормандону табибони шаҳри Хуҷанд мулоқот намуданд
Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо бо интихобкунандагон вохӯрӣ менамоянд