«ЗОДАГОНИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон озмуни расмкашӣ ҷамъбаст гардид

Декабрь 11, 2021 10:02

ДУШАНБЕ, 11.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон озмуни расмкашӣ таҳти унвони «Зодагони даврони Истиқлол» гузаронида шуд, хабар доданд аз Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба АМИТ «Ховар».

Озмуни мазкур ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75-солагии таъсиси Хазинаи кӯдакони СММ моҳҳои сентябр – ноябри имсол барои кӯдакони шаҳри Душанбе ташкил ва гузаронида шуд.

Дар доираи силсилачорабиниҳои мақомоти ВҲИ ҶТ ба ифтихори Ҳафтаи ҳуқуқи инсон ҷамъбасти даври ниҳоии озмуни мазкур дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки 250 нафар кӯдакони шаҳри Душанбе, меҳмонони фахрӣ аз мақомоти дахлдори давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар оғоз ба ҳамаи иштирокчиёни озмун ба муносибати ҷашнҳои зикршуда туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуда, зимни гузаронидани ҳамоиш аз ҷониби меҳмонони фахрӣ ба 21 нафар иштирокчиёни даври ниҳоии озмун ифтихорномаҳо, ба 9 нафар ғолибони озмун дар 3 гурӯҳи синнусолӣ дипломҳо ва ҷоизаҳои пулӣ, инчунин ба 9 нафар омӯзгорони ғолиби озмун сипосномаҳо ва ҷоизаҳои пулӣ тақдим карда шуданд.

Дар анҷом барномаи ҷолиби консертӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони навраси Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе омода шуда буд, манзури иштирокчиёни озмун гардонида шуд.

АКС: ВҲИ ҶТ

Декабрь 11, 2021 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад