«Амонатбонк», «Ориёнбонк» ва «Бонки Эсхата» ба рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ворид гардиданд

Январь 30, 2022 08:56

ДУШАНБЕ, 30.01.2022/АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ  барои соли 2022 тасдиқ гардид. Тибқи  ин рӯйхат  Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи /ҶСК/ «Ориёнбонк» ва ҶСК «Бонки Эсхата» ба рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ворид гардиданд. Дар  ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки милли Тоҷикистон иттилоъ доданд.

«Рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз  ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ  мутобиқи «Қоидаҳои муайян намудани ташкилотҳои қарзии низомсоз» тасдиқ карда мешавад», -афзуд манбаъ.

Инчунин тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ҶСП ТАҚХ  «Имон Интернешнл» ба рӯйхати ташкилотҳои қарзии  эҳтимолӣ  барои соли 2022 шомил гардид.  Ба ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ ташкилотҳое дохил мегарданд, ки аз рӯи баҳодиҳии навбатӣ метавонанд ташкилоти қарзии низомсоз эътироф шаванд.

Мавриди  зикр аст, ки рӯйхати мазкур соле як маротиба таҳия гардида, дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ва маҷаллаи «Бонкдорӣ. Тараққиёт. Ҷаҳонишавӣ»-и Бонки миллии Тоҷикистон  нашр мешавад.

   АКС аз манбаъҳои боз

Январь 30, 2022 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд