Ба кормандони КВД «Обу корези шаҳри Душанбе» нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро шарҳ доданд
ДУШАНБЕ, 25.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам дастури муҳим ва раҳнамунсоз барои ҳар сокини кишвар, алалхусус наврасону ҷавонон маҳсуб ёфта, ҳар шахси ватандӯстро водор месозад, ки дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши сазовор гузорад. Ин нуктаро муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода дар вохӯрӣ бо кормандони КВД «Обу корези шаҳри Душанбе» баён намуд, хабар доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Амирхон Қурбонзода саҳми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешрафт, ободию шукуфоии кишвар, дастгирию ғамхориҳои ҳамешагиашон нисбат ба табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла наврасону ҷавонон ва маъюбону камбизоатон ёдовар шуда, ҳозиринро баҳри содиқ будан ба кору пайкор, даъват намудани аҳли ҷомеа ба илмомӯзӣ, дӯст доштани Ватан ва арҷгузорӣ ба муқаддасоту арзишҳои миллӣ даъват намуд.
Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола бо Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ба масоили рушду тараққиёти соҳаҳои ҳаётан муҳими давлат, пешрафти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, густариши фазои инноватсионӣ ва дигар бахшҳои калидӣ ишораҳои махсус зоҳир намуда, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарони мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Зимни суҳбат вобаста ба самтҳои Паёми навбатӣ Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026, инчунин зиёд гардидани маоши ҳадди ақалл ва нафақаи ятимону маъюбон ба мардум шарҳ дода шуд.
Зимни мулоқот зикр шуд, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ, пеш аз ҳама, дастовардҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ, амалишавии ҳадафҳои муҳимтарину стратегии миллӣ, рушди соҳаҳои илму маориф, иқтисодиёт ва инкишофи соҳаи тандурустӣ, дастгирии давлатии ҷавонон ва бонувони лаёқатманд, фароҳам овардани имтиёзҳо ба соҳибкорон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин дигар масъалаҳои муҳиму созандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
АКСҲО: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






