Бо барқарорсозии канали «Кокул-2»-и ноҳияи Фархор пахтакорӣ ва дигар бахшҳои кишоварзӣ аз нав ба роҳ монда мешаванд
ДУШАНБЕ, 14.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор имрӯзҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қисмати харобгаштаи канали «Кокул-2», ки чанд сол қабл бинобар сабаби баланд шудани оби дарёи Сурхоб пурра вайрон шуда буд, бо истифода аз мошину механизмҳои зарурӣ барқарор карда мешавад. Канали мазкур бояд то мавсими нави обёрии соли 2022 пурра барқарор карда шавад. Баъд аз оғози корҳои сохтмонӣ аллакай беш аз 800 нафар сокинони деҳот иқдом гирифтанд, ки дар заминҳои солҳо бекорхобидаи ин мавзеъ кишти зироати кишоварзиро ба роҳ монанд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти раиси ноҳияи Фархор.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархор Зариф Назирӣ дар Ҷамоати деҳоти Хутан аз ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ ва навсозии канали «Кокул-2» боздид намуд.
Дар ин ҷамоат барои аз нав ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои солҳои зиёд бекорхобида, ки дар ин қитъаҳо солҳои пешин пахта, шолӣ ва дигар зироати кишоварзӣ кишту парвариш карда мешуд, барқароркунии канал ҷараён дорад.
Ба иттилои масъулин, бо пурра хароб шудани канали «Кокул-2» 1400 гектар замине, ки кишту кор карда мешуд, аз гардиши кишоварзӣ монд. Айни замон дар ин мавзеъ аз ҳисоби тоза кардани канали обпартои дохили хоҷагӣ корҳои заминӣ ва барқарорсозии қисмати харобгаштаи соҳили дарёи Сурхоб бо вусъат идома дошта, баъд аз барқарорсозии он дар ҳудуди деҳоти Хутан обёрии беш аз даҳҳо гектар замини кишт беҳтар мегардад.
Навсозии канали «Кокул-2» дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои дашти Кокул ва дар ин замина таъсиси беш аз ду ҳазор ҷойи кор роҳандозӣ шудааст.
Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дар ин мавзеъ бояд дар оянда пахтакорӣ, шоликорӣ ва дигар бахшҳои соҳа аз нав ба роҳ монда шаванд, ки ин тадбир ба пешрафти вазъи иқтисодӣ, ташкили ҷойҳои корӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамояд.
АКСҲО: маркази матбуоти раиси н. Фархор











Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид






