СЕ САБАҚ БАРОИ ДАВЛАТҲОИ СААД. Ва ё Чӣ бояд кард, то фоҷиаи Алмаато аз нав такрор нашавад- назари коршинос
ДУШАНБЕ, 18.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сармуҳаррири маҷаллаи «Евразия.Эксперт», таҳлилгари сиёсӣ Вячеслав Сутирин (ДАР АКС) дар барномаи Sputnik Беларус нуқтаи назари худро дар бораи он ки чаро ҳодисаҳо дар Қазоқистон босуръат пеш рафтанд ва чӣ барои наҷоти кишвар кумак намуд, ҳамчунин чӣ бояд кард, то чунин фоҷиаҳо минбаъд рух надиҳанд, баён намуд.
Вячеслав Сутирин зикр кард, ки таҳлили рӯйдодҳои Қазоқистон имкон медиҳад, ки барои кишварҳои ИДМ се дарси асосӣ ҷудо карда шавад.
«Аввалан — умеди шаффоф ба он ки ба мо сармояҳою маблағҳо меоянд, мо бо ҳама дӯстӣ мекунем, аз ин рӯ набояд ба касе такя карду муносибатҳои махсуси амиқ ба роҳ монд. Хайрият ки Қазоқистон узви СААД аст. Маҳз ҳамин «умеди охирин» буд, ки кишварро наҷот дод», — иброз намуд коршинос».
Ба гуфтаи ӯ, дарси дуюм таҳкими СААД ва иқтидори он барои вокуниши фаврӣ ба чунин хатарҳост.
«Сеюм — набояд танҳо бо таҳкими соҳаи низомии амният маҳдуд шавем. Амнияти иттилоотӣ ва ҷамъиятӣ хеле муҳим аст. Ин решаи мушкилотест, ки баъдан хусусияти системавӣ ва ҳарбӣ пайдо мекунанд. Инҷо таблиғи ҷараёнҳои радикалӣ дар назар аст- шурӯъ аз миллатгароии радикалӣ то ба ифротгароии динӣ»,- гуфт Сутирин.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ аз зарурати таҳияи низоми ҳифзи фазои иттилоотӣ сухан гуфта буданд.
Сарвари давлат таваҷҷуҳи аъзои Шӯроро ба ҳузури ҳуҷайраҳои хуфтаи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва радикализм дар кишварҳои узви СААД ва ҷалбу таблиғи онҳо миёни шаҳрвандон ҷалб намуданд. Дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон хостори таҳкими фаъолияти муштараки мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СААД барои муқобила бо ин хатару таҳдидҳо шуданд.
АКС: Sputnik








Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд






