ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022 ОИД БА ФУТЗАЛ. Дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Қирғизистон нахустбозиро мусовӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 22.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи универсалии варзишии Душанбе 21 январ чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби занона оғоз гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар оғози мусобиқот дастаи занонаи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Шамшод Ниятбеков бо дастаи Қирғизистон бо ҳисоби 1:1 бозиро мусовӣ анҷом дод. Дастаи мо ба голи Бактигул Токтоболотова бо зарбаи дақиқи Мадина Фозилова аз ҷаримаи даҳмерта посух дод. Футзалбозони тоҷик метавонистанд дар ин бозӣ ғолиб оянд, аммо дар анҷоми вохӯрӣ капитани даста Мадина Фозилова ду маротиба зарбаи ҷаримавии даҳметраро ба самар расонида натавонист.
Дар бозии дигари рӯзи аввали чемпионати CAFA-2022 дастаи Эрон аз дастаи Узбакистон пурқувваттар буда, ҳисоби бозӣ ба 5:2 баробар шуд.
Имрӯз, 22 январ, бозиҳои даври дуюми мусобиқоти чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби занона баргузор мешаванд. Соати 15:00 вохӯрии дастаҳои мунтахаби Қирғизистону Узбекистон ва соати 18:00 дастаҳои Тоҷикистон ва Эрон вомехӯранд.
Қобили зикр аст, ки нахустин Чемпионати футзали занони CAFA-2022 аз рӯи системаи дудаврӣ баргузор шуда, дар он ҳар даста шаш бозӣ анҷом медиҳад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.
АКСҲО: ФФТ










«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






