ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС: Ҳафт варзишгари тоҷик барои медали тилло талош доранд
ДУШАНБЕ, 28.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. 7 нафар варзишгари тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, барои ба даст овардани медали тилло талош доранд. Даври финалии Чемпионат 29 январ дар назар аст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Дар муҳорибаҳои даври нимфинали Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, 4 варзишгари тоҷик медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар даври нимфинал миёни бонувон Сумайя Қосимова (-48кг) бе муҳориба пирӯз шуд. Ҳарифаш аз Ҷопон Ҳикару Като аз сабқат даст кашид. Варзишгарони дигарамон миёни бонувон – Малика Нозимова ва Ҳусния Холова аз ҳарифонашон шикаст хӯрда, сазовори медали биринҷӣ гардиданд.
Миёни мардҳо Акбаралӣ Абдураҳмонзода дар вазни -51кг, Абдумалик Болтаев дар вазни -75кг, Некрӯз Салимов дар вазни 80кг ва Шаҳбоз Ҳайитов дар вазни 86кг барои ба даст овардани медали тилло талош мекунанд. Хусравхон Раҳимов дар вазни 57кг ва Расул Аҳадов дар вазни 67кг дар нимфинал мағлуб шуда, медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола 190 варзишгар аз 12 давлати қора иштирок доранд.
Муҳорибаҳои финалӣ бо иштироки намояндагони Тоҷикистон:
29 январ
48кг – Сумайя Қосимова – Фарзона Фозилова (Узбекистон)
51кг – Акбаралӣ Абдураҳмонзода – Муҳаммадқодир Мамирҷонов (Узбекистон)
75кг – Абдумалик Болтаев – Абдулазиз Абдупаттаев (Узбекистон)
80кг – Некрӯз Салимов – Ҷасурбек Юлдошев (Узбекистон)
86кг – Шаҳбоз Ҳаитов – Тимур Мирҷонов (Узбекистон)
92кг – Давлат Болтаев – Рустам Урусбек уулу (Қирғизистон)
+92кг – Муҳаммад Аброриддинов – Ҷаҳонгир Зокиров (Узбекистон)
АКС аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон








Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид






