COVID-19. Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз реваксинатсия* гузаштанд

Январь 11, 2022 16:22

ДУШАНБЕ, 11.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  бо мақсади пешгирӣ намудан аз бемориҳои сироятӣ, хусусан бемории сироятии COVID-19  кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз реваксинатсия* гузаштанд.

Тавре муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт  Наргис Шарифзода дар суҳбат бо хабарнигори  АМИТ «Ховар» изҳор дошт,   «имрӯзҳо  паҳншавии навъи дигари коронавирус-«омикрон»  ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.  Ҳарчанд ин навъи беморӣ дар кишвари мо ба қайд гирифта нашудааст, аммо мо набояд нисбат ба саломатии худ ва атрофиён фориғболӣ зоҳир намоем.  Ҳадаф аз амали мазкур баланд бардоштани масунияти бадан мебошад, ки  қобилияти мубориза бурдан бо ин беморӣ мебошад».

Ёдовар мешавем, ки тибқи тавсияи   табибон   онҳое, ки  қаблан  ба бемории коронавирус гирифтор шудаанд ва ё бар зидди он  эм карданд, бояд аз реваксинатсия гузаранд.

Ба гуфтаи табиб ва ровии телевизиони рус Александр Мясников, дар марҳилаи аввал чунин афрод бояд ду маротиба ваксина гиранд. Пас аз 21 рӯзи вояи якуми ваксина вояи дуюм ворид карда мешавад. Вақте бори  якум ваксина  гузаронида мешавад,  бадан бо вирус «шинос» мегардад. Дар ҳолати такроран ваксина кардан дар организм якбора миқдори зиёди подтанҳо пайдо  гардида, масуният пурқувват мешавад. Ин масуният то 6 моҳ қобилияти мубориза бурдан бо ин  бемориро дорад. Пас аз 6 моҳ масуният паст мегардад ва дар ин ҳолат зарурати гузаронидани реваксинатсия ба миён меояд.

Қаблан табиби тоҷик,  профессори  кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  Саидбек Сатторов низ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» зарурати аз реваксинатсия гузаштанро изҳор дошта буд. Ӯ ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия дод, ки ҳар шаш моҳ як маротиба аз реваксинатсия гузаранд.

«Аз он шурӯъ мекунем, ки роҳи асосии пешгирии COVID-19 ваксинатсия мебошад, — гуфт ӯ.  — Ваксина аввал бояд ба одамоне гузаронида шавад, ки аз COVID-19 сироят наёфтаанд, зеро  эҳтимоли сироят ёфтани онхо ба COVID-19  бештар аст».


Ба гуфтаи ӯ, дар марҳилаи аввал чунин афрод бояд ду маротиба ваксина гиранд. Пас аз 21 рӯзи вояи якуми ваксина вояи дуюм ворид карда мешавад. Вақте бори  якум ваксина гузаронида мешавад,  бадан бо вирус «шинос» мегардад. Дар ҳолати такроран ваксина кардан дар организм якбора миқдори зиёди подтанҳо пайдо  гардида, масуният пурқувват мешавад. Ин масуният то 6 моҳ қобилияти мубориза бурдан бо бемориро дорад. Пас аз 6 моҳ масуният паст мегардад ва дар ин ҳолат зарурати гузаронидани реваксинатсия ба миён меояд.

Касоне, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, дар онҳо табиатан сатҳи баланди масуният пайдо мешавад. Ва ин масуният то 6 моҳ қобилияти муҳофизат кардан дорад. Аз ин рӯ, пас аз 6 моҳи беморӣ ин нафар  бояд аз нав ваксина карда шавад.

Ба гуфтаи мудири кафедраи ДДТТ Саидбек Сатторов, бо сабаби  вазъи кунунии бошиддат паҳншавии ин вирус дар кишварҳои хориҷӣ ва сатҳи баланди бемории COVID-19 эҳтимоли аз хориҷи кишвар ворид шудани ин беморӣ ба Тоҷикистон вуҷуд дорад.  «Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки аҳолии мо ба ном «вояи  бустерн»*-ро гиранд,  яъне то ба охир расидани пандемия ҳар 6 моҳ такроран аз ваксинатсия гузаранд», — гуфт ӯ.

_________________

*Реваксинатсия – тадбирҳои вобаста ба таҳким додани масунияте, ки баъди ваксинатсияи гузашта ҳосил шудаанд.

 

АКСҲО аз  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Январь 11, 2022 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон