Дар Афғонистон ва Чин заминларзаҳои сахт ба амал омаданд

Январь 24, 2022 13:08

ДУШАНБЕ, 24.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 24 январ дар қисмати шимолу шарқи Афғонистон заминларза бо шиддати 5,3 дараҷа ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба Маркази зилзиласанҷии Аврупову Баҳри Миёназамин хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, маркази зилзила дар километри 49-уми самти  шарқии шаҳри Бағлон, ки дар он ҳудуди 108 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, воқеъ будааст. Маркази офати табиӣ дар умқи 10 километр ҷойгир будааст.

Дар бораи хисорот ва талафоти эҳтимолӣ гузориш нарасидааст.

Як рӯз қабл дар қаламрави музофоти Тсинхай, воқеъ дар шимолу ғарби Ҷумҳурии Мардумии Чин бо шиддати 5,8 дараҷа заминларза ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба иттилоияи Маркази зилзиласанҷии Чин.

Таконҳои зеризаминӣ дар мавзеи минтақаи шаҳрии Дэлинхаи ҳавзаи мухтори  Ҳайси-Муғулистон-Тибет ба амал омаданд. Маркази заминларза дар умқи 8 километр ҷойгир будааст.

Дар бораи зарардидагон ва харобиҳо дар ҳавзаи мухтори  Ҳайси-Муғулистону Тибет, ки аҳолии он аз 460 ҳазор нафар зиёд аст, маълумот нест.

Доир ба талафот ва хисороти молӣ низ гузориш нарасидааст.

                                       АКС РИА Новости

Январь 24, 2022 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид