Дар Академияи ВКД озмуни «Таассуроти ман аз тамошои филми Пешвои миллат» ҷамъбаст гардид

Январь 19, 2022 11:20

ДУШАНБЕ, 19.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонони касбу кори гуногун аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҷиҳати иштирок дар ҷамъбасти озмуни «Таассуроти ман аз тамошои филми Пешвои миллат» дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ омаданд,   хабар доданд аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Озмуни мазкур барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр таҷлил мешавад, ба роҳ монда шуда, то кунун идома дошт. Дар ин озмун намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз тамоми минтақаҳои кишвар ширкат варзида, мақолаҳо пешниҳод намуданд.

Ҷавононро роҳбарияти ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ истиқбол гирифта, курсантони он дар назди ҳамсолонашон бо забонҳои тоҷикӣ, русиву англисӣ шеърҳои ватандӯстона қироат намуданд. Ҳамчунин аз тарафи курсантон ба ҷавонон ҳар гуна машқҳои тактикӣ бо истифода аз силоҳҳои оташфишон намоиш дода шуд.

Дар идомаи ҳамоиш дар толори фарҳангии Академияи ВКД озмуни «Таассуроти ман аз тамошои филми Пешвои миллат» бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Муовини сардори Академияи ВКД, полковники милитсия Зикрулло Саидзода ҷавононро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои замони истиқлол даъват кард.

Зимни ҷамъбасти озмуни «Таассуроти ман аз тамошои филми Пешвои миллат»
ҷойи якумро Фарзона Шокирзода аз шаҳри Ҳисор, ҷойи дуюмро ду нафар- Достон Набиев аз шаҳри Душанбе ва Меҳрубон Ҳасанов аз шаҳри Истаравшан, ҷойи сеюмро се нафар- Рухшона Муродалиева аз шаҳри Душанбе, Умарҷон Ҳабибуллоев аз шаҳри Хуҷанд ва Фаридун Раҳимзода аз шаҳри Душанбе соҳиб шуданд.

Ба ғолиби ҷойи якум 4000 сомонӣ, ба ҳар нафар ғолиби ҷойи дуюм 1500 сомонӣ ва ба ҳар нафар ғолиби ҷойи сеюм 1000 сомонӣ супорида шуд.

АКС аз ВКД ҶТ

Январь 19, 2022 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад