Дар Душанбе масъалаи пешгирии бемориҳои сироятии мавсимӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 14.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 январ дар Муассисаи давлатии «Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе» ҷаласаи навбатии Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки сардори Раёсат, зерсохторҳои Раёсати тандурустӣ ва роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Сардори Раёсат Хушвахт Шарифзода зикр намуд, ки бояд фаъолияти асосӣ ба баланд бардоштани фарҳанги тиббии мардум нисбат ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сил равона карда шавад.
Дар ҷаласа масъалаҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятии мавсимӣ, камхунӣ дар байни занони ҳомила, фарбеҳӣ дар байни наврасону ҷавонон ва пиронсолон, дар шаҳри Душанбе пурзӯр намудани тадбирҳои саривақтӣ, махсусан эмгузаронии оммавии сокинони пойтахт, амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, назорати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва дигар самтҳои хизматрасонии тиббӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳадаф аз баргузории чунин ҷаласаҳо дар сатҳи баланд таъмин намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии пойтахт, рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар дигар муассисаҳои табобатию пешгирикунандаи зерсохтори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе мебошад.
Дар интиҳо дар самти таъмини хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.
АКС: Раёсати тандурустии МИҲД-и ш. Душанбе








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






