Дар Қазоқистон 1822 парвандаи ҷиноӣ оид ба терроризм, куштор ва дигар далелҳо боз шудааст
ДУШАНБЕ, 24.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қазоқистон дар робита ба рӯйдодҳои моҳи январ 1822 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 116 адади он ба прокуратураҳо оид ба парвандаҳои махсус ирсол шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, иттилои мазкурро Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон ироа кардааст.
Парвандаҳои ҷиноӣ оид ба терроризм, куштор, зӯроварӣ нисбат ба мансабдорони давлатӣ, авбошӣ ва ҳамла ба биноҳои давлатӣ боз шудаанд.
Қаблан Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев бо намояндагони Прокуратураи генералӣ, Кумитаи амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати мудофиа ҷаласаи муштарак баргузор намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Қазоқистон, Қосим-Ҷомарт Токаев рӯзи шанбеи 22 январ бо раҳбарони дастгоҳи президент, шӯрои амният, прокуратураи генералӣ, кумитаи амнияти миллӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ ва мудофиа мулоқот анҷом дод. Ба сарвари давлат доир ба ҷараёни иҷрои супоришҳои қаблан додашуда ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар кишвар маълумот пешниҳод гардид.
«Вазири корҳои дохилӣ Ерлан Тургумбоев ба президент дар бораи ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-профилактикии «Қонун ва тартибот» дар тамоми минтақаҳои кишвар ҳисобот дод. Мусодираи аслиҳае, ки ғайриқонунӣ дар дасти аҳолӣ нигоҳ дошта мешавад, давом дорад. Ба иттилои ин ниҳод, аз рӯи далелҳои терроризм, куштор, зӯроварӣ нисбат ба мансабдорони давлатӣ, авбошӣ, ҳамла ба биноҳои давлатӣ ва дигар ҷиноятҳо дар маҷмӯъ 1822 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, 116 парвандаи ҷиноятӣ ба прокуратураҳо оид ба парвандаҳои махсус ирсол карда шудаанд», — гуфта мешавад дар изҳороти хадамоти матбуот.
Ёдовар мешавем, ки дар аввали соли равон, 2 январ дар яке аз кишварҳои узви СААД- Қазоқистон эътирозҳо ба вуқӯъ пайвастанд, ки баъдан ба бетартибӣ ва ҳамла ба ниҳодҳои давлатӣ табдил шуданд. Мақомоти интизомӣ дар Қазоқистон баъди бетартибиҳо қариб 8 ҳазор нафарро боздошт карданд.
АКС аз манбаъҳои боз








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






