Дар Бохтар маҷлиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият ва вазифаҳои оянда доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. 22 январ дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 баргузор гардид. Дар доираи маҷлис ҳамзамон нақшаи чорабиниҳо оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки дар доираи он татбиқи маҷмӯи чорабиниҳо пешбинӣ шудааст, хабар доданд аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».
Дар маҷлис муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, узви раёсати Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ-раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҳамчунин мудирони шуъбаҳои кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо, раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯшониён, Вахш, Левакант, аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён сухан гуфт. Аз ҷумла, иброз гардид, ки сохторҳои ҳизбии вилоят дар ҳошияи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи солҳои 2018-2021 25 ташаббуси созандаро амалӣ карданд. Аз ҷумла, зери уновни «Якҷоя месозем!» аксияи ҳизбӣ эълон намуда, дар баробари татбиқи чорабиниҳои идеологӣ, сокинон ва аъзои фаъоли ҳизбро ба ташкили корҳои ободонию созандагӣ равона намуданд. Роҳсозӣ тариқи ҳашар — сангфаршкунӣ, мумфаршкунӣ, ниҳолшинонӣ, сохтмони биноҳои маъмурии ҳизбӣ, тозакунии муҳит ва оромгоҳҳо, навсозии иншооти гигиенӣ, таъмиру сохтмони мактабҳо, пешбурди идеяи “Мактаби сиёсии Пешвои миллат”, ташаккули идоракунии электронӣ ва рейтинги ҳизбӣ ҳамчунин аз ҷумлаи корҳои созандаи аъзои ҳизби Хатлон мебошанд.
Зимнан, дар маҷлис ба ҳайати ҲХДТ дар вилояти Хатлон тағйирот ворид карда шуд. Чанд нафар бинобар сабаби иваз кардани макони зист, берун рафтан аз ҳудуди вилоят, надоштани робита бо сохторҳои ҳизбии вилоят аз узвияти кумита бароварда шуда, ба ҷойи онҳо шахсони дигар қабул гаштанд.
Узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки дар вилоят саҳми фаъолони ҲХДТ дар таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ хеле арзанда мебошад. Дар ин радиф раиси вилоят аз чанд ташаббуси созандаи ҳизбиёни вилоят, ки дар доираи онҳо мардум сарҷамъона баҳри ҳалли мушкилоти ҷомеа камар бастаанд, ёдовар гашт.
Ҳамчунин муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода оид ба муҳимтарин дастовардҳое, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо саҳми аъзои фаъоли ҳизб ба даст омаданд, сухан гуфт. Аз ҷумла иброз дошт, ки дар доираи ин ҷашни фархунда ва дастуру ҳидоятҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон тавонист ба комёбиҳои назаррас мушарраф гардад.
Чанд субъекти пешсаф, тибқи рейтинги ҳизбӣ, аз ҷониби Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо Ифтихорнома ва сипосномаҳои ҳизбӣ қадрдонӣ шуданд. Зимнан, дар вазъияти тантанавӣ озмуни “Обуна-2022 ба нашрияи “Ҳамрози халқ” ” низ ҷамъбаст гардид, ки дар он дастаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав ғолиби ҷойи якум, ноҳияи Темурмалик ҷойи дуюм ва ноҳияи Балҷувон сазовори ҷойи сеюм дониста шуда, бо мукофоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.
АКСҲО аз КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон













Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






