Дар даҳҳо шаҳрҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон неруи барқ қатъ гардид

Январь 25, 2022 15:50

ДУШАНБЕ, 25.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 25 январ бар асари садама дар системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақрибан соати 11:00 ба вақти Душанбе дар чанд минтақаи се кишвар – Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон неруи барқ қатъ гардид. Садама дар қаламрави Қазоқистон рух додааст.

Тақрибан соати 09:00 ба вақти Москва дар ҷануби Қазоқистон, дар аксар минтақаҳои Қирғизистон ва дар шарқи Узбекистон интиқоли неруи барқ қатъ шуд. Аз ҷумла, норасоии неруи барқ дар пойтахтҳои Қирғизистон ва Узбекистон — Бишкек ва Тошканд, инчунин дар шаҳри калонтарини Қазоқистон — Алмаато ба вуҷуд омад.

Бино ба иттилои ширкати қазоқистонии ҶСК «Кегок»,  дар хати транзитӣ бар асари номутавозунӣ дар шабака нуқсони техникӣ ба миён омадааст.

Дар аксар минтақаҳои Бишкек, пурра дар дуввумин шаҳри бузурги Қирғизистон — Ӯш ва чанд шаҳрҳои дигар комилан барқ хомӯш шудааст. Дар пойтахти Қирғизистон шабакаи гармидиҳӣ аз фаъолият боз монда, дар баъзе маҳаллаҳо интиқоли об низ қатъ гардидааст. Инчунин, амалиётҳои бонкӣ ва пардохтҳои нақдӣ низ имконнопазир шудаанд.

Дар Узбекистон, дар Тошканд, дар водии Фарғона, дар панҷ вилояти шарқии ин кишвар интиқоли неруи барқ қатъ шудааст. Мақомот аз қатъ шудани шабакаҳои гармидиҳӣ, обтаъминкунӣ ва канализатсия ҳушдор додаанд. Аксари фурудгоҳҳои кишвар баста шуда, ҳаракати метро мутаваққиф шудааст.

Бисьёр иншооти дорои аҳамияти муҳим, аз қабили Фурудгоҳи байналмилалии Алмаато ва метрои ин шаҳр, инчунин фурудгоҳи Бишкек аз фаъолият мондаанд. Вазорати тандурустии Ӯзбекистон хабар дод, ки ҳамаи бемористонҳо ба манбаи барқи захиравӣ гузаштанд.

Ширкатҳои энергетикии Қирғизистон ба барқарорсозии марҳилавии интиқоли неруи барқ шурӯъ намуда, аз системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ баромаданд.

Системаи энергетикии Узбекистон низ аз системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ҷудо шуда, интиқоли неруи барқро таъмин намуда истодааст.

Дар Қазоқистон низ баҳри таъмини неруи барқ чораҳои амалӣ андешида шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи низоми  энергетикӣ солҳои 1980 оғоз шуда, ниҳоят дар соли 1997 амалӣ гардид.

Дар аввал низоми  энергетикӣ на танҳо ҷануби Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон, балки Туркманистон ва Тоҷикистонро ҳам дарбар мегирифт. Соли 2003 Туркманистон имкони таъмини мустақили худ бо неруи барқро эълон кард ва аз лоиҳа хориҷ шуд. Тоҷикистон соли 2009 аз системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ баромад.

                                                                АКС аз бойгонӣ

Январь 25, 2022 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст