Дар даври шаҳрии олимпиадаи фаннии хонандагони мактабҳои таълимии шаҳри Душанбе 3471 нафар иштирок намуданд

Январь 5, 2022 13:46

ДУШАНБЕ, 05.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3-4 январ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” дар Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе даври сеюми (шаҳрии) олимпиадаҳои фанни хонандагон баргузор карда шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба  Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Олимпиадаҳои мазкур миёни хонандагони синфи 5-6, 7-8, 9-11 аз рӯи 13 фанни таълимӣ доир гардида, дар он 3471 нафар хонандагон ширкат варзиданд.

Дар олимпиада хонандагон аз рӯйи шартҳои санҷиши дониши назариявӣ (санҷиши тестӣ) ва иҷрои корҳои амалӣ миёни ҳам рақобат намуданд. Ба донишу маҳорати иштирокчиёни олимпиада ҳайати ҳакамон, ки аз устодону омӯзгорони соҳибтаҷриба иборат аст, баҳо мегузорад.

Баъди хулосабарории ҳайати ҳакамон натиҷаи олимпиада муайян шуда, ғолибон бо диплому ифтихорномаҳо сарфароз мегарданд ва  барои иштирок ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқат ва рушди қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии онҳо, бедор намудани шавқу ҳаваси хонандагон ба омӯзиши амиқи фанҳои таълимӣ ва ташвиқи онҳо ба корҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва ихтироъкорӣ ин олимпиадаҳо баргузор мегарданд.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри  Душанбе

Январь 5, 2022 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад