Дар даври шаҳрии олимпиадаи фаннии хонандагони мактабҳои таълимии шаҳри Душанбе 3471 нафар иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 05.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3-4 январ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” дар Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе даври сеюми (шаҳрии) олимпиадаҳои фанни хонандагон баргузор карда шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.
Олимпиадаҳои мазкур миёни хонандагони синфи 5-6, 7-8, 9-11 аз рӯи 13 фанни таълимӣ доир гардида, дар он 3471 нафар хонандагон ширкат варзиданд.
Дар олимпиада хонандагон аз рӯйи шартҳои санҷиши дониши назариявӣ (санҷиши тестӣ) ва иҷрои корҳои амалӣ миёни ҳам рақобат намуданд. Ба донишу маҳорати иштирокчиёни олимпиада ҳайати ҳакамон, ки аз устодону омӯзгорони соҳибтаҷриба иборат аст, баҳо мегузорад.
Баъди хулосабарории ҳайати ҳакамон натиҷаи олимпиада муайян шуда, ғолибон бо диплому ифтихорномаҳо сарфароз мегарданд ва барои иштирок ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқат ва рушди қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии онҳо, бедор намудани шавқу ҳаваси хонандагон ба омӯзиши амиқи фанҳои таълимӣ ва ташвиқи онҳо ба корҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва ихтироъкорӣ ин олимпиадаҳо баргузор мегарданд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе










Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд






