Дар Файзобод вохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботӣ оид ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон идома доранд

Январь 20, 2022 11:04

ФАЙЗОБОД, 20.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳия вохӯрии  судманд доир гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ доданд.

Дар ҷамъомад раиси ноҳия Бобишо Холзода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, вакилони маҳаллӣ ва ҷавонону собиқадорони ҷамоат иштирок намуда, доир ба  самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, ба роҳ мондани корҳои созандагию  ободонӣ ҷиҳати рушди маҳал, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи донишомӯзӣ ва ҳунарандӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омода будан ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии хурӯҷи бемориҳои сироятӣ ва эмгузаронии аҳолӣ сухан гуфтанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат мавриди шарҳу тафсир қарор гирифта, гуфта шуд, ки Паём ҳамчун дастурамали фаъолият вазифаҳои моро муайян намуда, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат софдилонаву содиқона меҳнат намуда, барои фардои гулафшони Ватани азизамон  саъю кӯшиш намоем.

Прокурори ноҳияи Файзобод Хусрав Миралӣ изҳор дошт, ки «мардуми шарафманди тоҷик бо амалӣ намудани  нуктаҳои Паёми навбатии пурмуҳтавои  Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои нав сазовор мегарданд ва дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, иқтисоду саноат  ва илму фарҳанги мамлакат пешравиҳои назаррас рӯи кор меоянд. Ҳамчунин ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан  баҳри рушди саноати ватанӣ ва некуаҳволии мардум қадамҳои устувор гузошта мешаванд. Аз ин лиҳоз моро зарур аст,  ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, якдилона иқдом ба корҳои созанда намоем.  Паёми навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун барномаи фаъолият барои кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ арзёбӣ гардида, мо, кормандони прокуратураи ноҳия, баҳри пешрафти фаъолияти  кориамон дар доираи ҳидоятҳои Сарвари давлат нақшаи махсус тарҳрезӣ намуда, аз рӯйи он барои рушди ҷомеа ва шукуфоии Ватан амал мекунем».

Раиси Суди ноҳияи Файзобод Бахтиёр Холиқзода гуфт, ки «Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми навбатӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯзро зикр намуданд, ки ин зуҳуроти номатлуби замони муосир- терроризм, экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мебошанд. Ин ҳолат мо, шаҳрвандонро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти мамлакат диққати аввалиндараҷа диҳем. Чунки пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд».

Зикр шуд, ки махсусан ҷавонон, ки ҳоло ба маънои аслии зиндагӣ сарфаҳм намераванд, ҳадафи мақсадноки ин гуна гурӯҳҳо ва ташвиқгарон қарор мегарданд. Суханони Пешвои миллат моро водор месозад, ки ба баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ тарбия намоем. Наврасону ҷавононро бояд ба анҷом додани ободкорию созандагӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ омода созем. Ҳар фарди соҳибхиради Тоҷикистон бояд бо дарки баланди ватандорӣ дар атрофи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, баҳри пойдории сулҳу субот хизмат намояд.

Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии  Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия силсилавохӯриҳои  гурӯҳҳои тарғиботӣ идома доранд.

АКС аз АМИТ «Ховар»

Январь 20, 2022 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд