Дар Хатлон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2021 ҷаласа доир гардид

Январь 10, 2022 20:57

ДУШАНБЕ, 10.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти вилояти Хатлон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022» ҷаласа баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки равнақ ёфтани корҳои созандагию бунёдкорӣ дар соли 2021 ба таъсиси даҳҳо ҷойи нави корӣ, васеъ шудани имконият барои истеҳосли маҳсулот ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд.

Бо таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 3 соли охир 8256 иншоот ба истифода дода шудаанд, ки иҷрои нақша 107,7 фоизро ташкил медиҳад.

Танҳо соли 2021 дар вилоят 2 445 иншоот ба истифода дода шудааст. Татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва саҳми соҳибкорон имкон фароҳам овард, ки роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳудуди вилоят дар ин давра бунёду навсозӣ карда шаванд.

Бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои охир имконият барои таъмини рушди бахшҳои иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон беҳтар гардид. Ҳамин буд, ки соли 2021 рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар сатҳи 109,1 фоиз таъмин шудааст.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра ба 10,2 миллиард сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 1,4 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва таъмини даҳҳо нафар бо ҷойи кор бунёду навсозии корхонаҳои саноатӣ мусоидат намуд.

Аммо тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, имконияти вилоят барои бунёду навсозии иншооти соҳаи саноат ҳанӯз пурра истифода намегардад. Аз ин лиҳоз зарур аст, ки 3 минтақаи озоди иқтисодии дар ҳудуди вилоят мавҷуда ва дигар имконият ҳарчӣ бештар барои рушди саноат истифода карда шавад. Дар ин баробар корхонаҳо бояд бо назардошти дурнамо бунёд гарданд, то фаъолияти доимии он таъмин шавад.

Солҳои охир дар самти таъмини хонандагон бо либоси мактабӣ натиҷаҳои баланд ба даст омаданд, аммо ин ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Айни замон дар ҳудуди вилояти Хатлон татбиқи зиёда аз 40 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дорад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат зимни ҷаласа «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти вилояти Хатлон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022» масъулини марбутаро барои чораандешӣ ва истифодаи пурраи имконияти вилояти Хатлон барои ҷалби сармояи мустақим вазифадор намуданд.

Муваффақияти кишоварзони вилояти Хатлон дар самти ҷорӣ намудани таҷрибаи муосири кишту парвариш ва дар ҳамин асос аз як замин гирифтани се чор ҳосил барои таъмини фаровони дар бозори истеъмоли мусоидат намуд. Дар маҷмӯъ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон дар ин давра 20,7 миллиард сомониро ташкил намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,1 фоиз зиёд мебошад.

Соли гузашта аз вилояти Хатлон ба дигар давлатҳо 117,4 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки нисбат ба нақша 22,4 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Дар ин баробар масъулини марбута барои дар заминаи татбиқи имтиёзҳои андозию гумрукӣ ва истифодаи пурраи имконияти табиии вилояти Хатлон барои равнақ додани парандапарварию моҳипарварӣ вазифадор карда шуданд.

Барои баланд бардоштани ҳосил ва самаранокии пахтапарварӣ масъулини марбутаро зарур аст, ки кишту парвариши ин растаниро бо назардошти шароити тағйирёбии иқлим ва риояи бечуну чарои агратехникаи кишту парвариш бояд ба роҳ монанд.

Тавассути беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида имкон фароҳам мегардад, ки дар вилоят майдони кишти зироат ва истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ боз ҳам зиёд гардонида шавад.

Вусъат ёфтани бунёди иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ барои дар шароити замонавӣ ҳарчӣ бештар ба таҳсил фаро гирифтани наврасон ва беҳтар шудани хизматрасониҳо дар соҳаи тандурустӣ мусоидат намуд.

Иҷрои барномаҳои давлатӣ дар ин самт дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Хуросон, Ҷайҳун ва Абдураҳмони Ҷомӣ беҳбудӣ мехоҳад. Таъкид гардид, ки барномаҳои давлатӣ бояд бо назардошти имконияти мавҷуда дар асоси омӯзиш ва таҳлилҳои дақиқ қабул карда шавад, то иҷрои он таъмин гардад.

Дар маҷмӯъ натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2021 имкон фароҳам оварданд, ки истеҳсоли маҳсулот зиёд, шароити хизматрасониҳо дар самтҳои гуногун беҳтар, даҳҳо нафар бо ҷойи кор таъмин ва барои рушди бештари иқтисодиёти вилоят замина гузошта шавад.

Дар охир Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон натиҷагирӣ намуда, масъулини соҳаро барои иҷрои саривақтии нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати давоми соли 2022 ва панҷ соли оянда таъмини намудани рушди бахшҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят вазифадор намуд.

Ҳамзамон дар ин рӯз ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври вилоятии Озмуни кӯча, маҳалла, деҳа, ҷамоат, ҷамоати шаҳраки беҳтарин ва оилаи беҳтарин, ки дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Хатлон эълон шуда буд, ҳавасманд гардонида шуданд.

Январь 10, 2022 20:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад