Дар Левакант занону духтарон ба курсҳои кӯтоҳмудати касбомӯзӣ ҷалб шуданд

Январь 25, 2022 08:48

ДУШАНБЕ, 25.01.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Левакант зимни баргузории ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод 21 нафар шаҳрвандони бекор ва занону духтарони хонанишин барои ба таври ройгон омӯхтани касбу ҳунар дар курсҳои кӯтоҳмудати касбомӯзӣ бо ихтисосҳои «дӯзандагӣ», «қаннодӣ» ва «кафшергари барқӣ» номнавис гардиданд, хабар доданд дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва  дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳр, ки дар онҳо ҷойҳои корӣ мавҷуд мебошанд, дар нази бозори марказии шаҳр ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод ба роҳ монд.

Дар ярмарка 8 ташкилоту корхона 102 ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озодро ба шаҳрвандони корҷӯй пешниҳод намуданд.

Дар ҷараёни ярмарка 124 нафар шаҳрвандон иштирок намуданд ва ба 12 нафар барои бо ҷойи кор таъмин шудан тавсиянома дода шуд. Аз ин шумора 11 нафари онҳо дар ташкилоту корхонаҳои шаҳр бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Ҳамзамон дар ярмарка намояндаи бахши муҳоҷират дар шаҳр низ иштирок намуда, бо корҷӯёне, ки вурудашон ба Федератсияи Русия манъ аст, оид ба санҷиши шиносномаҳо суҳбат намуда, ба таври ройгон шиносномаҳояшонро аз санҷиш гузаронид.

Зикр шуд, ки шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Левакант имкон дорад шахсони бекорро ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ вобаста ба хоҳишашон қабул намояд. Курсҳои кӯтоҳмуддат ройгон пешниҳод шуда, идрорпулӣ низ доранд.

АКСҲО: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҲҶТ

Январь 25, 2022 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад