Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе майдончаи варзишӣ ифтитоҳ ёфт

Январь 8, 2022 10:04

ДУШАНБЕ, 08.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ дар пойтахт ва тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ноҳияи Шоҳмансур майдончаи муосири варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, хабар доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Майдончаи мазкур дар маҳаллаи Бадахшон 2-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо ташаббуси вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва шарикони рушд сохта шудааст. Дар расми ифтитоҳи майдончаи варзишӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилшод Одиназода, намояндагони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур, инчунин сокинони маҳаллаи Бадахшон 2 ширкат намуданд.

Дар инҷо дар баробари майдончаи варзишӣ мавзеъ барои дилхушиву фароғати кӯдакон ва тамрини онҳо низ бо фароҳам овардани шароити зарурӣ бунёд гардидааст. Як суҳбатгоҳ низ аз ҷумлаи қисматҳои дигари иншооти мавриди назар мебошад.

Сокинон қаноатманд аз онанд, ки бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳиби чунин майдончаи муосири варзишӣ гардиданд. Зеро дар гузашта сокинони маҳалла ба чунин иншоот эҳтиёҷ доштанд. Аз сокинони хонаҳои атрофи майдончаи варзишӣ даъват карда шуд, ки барои истифодаи самаранок ва дар ҳолати хуби коршоямӣ нигоҳ доштани он кӯшиш намоянд.

Зимнан тасмим гирифта шуд, ки дар идомаи тадбирҳои созандагиву бунёдкоронаи роҳбарияти олии мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ояндаи наздик дар маҳаллаи Бадахшон 2 бунгоҳи тиббӣ низ сохта шавад.

Зикр гардид, ки корҳои ободониву созандагие, ки давоми солҳои охир дар шаҳраку маҳаллаҳо амалӣ карда шудаанд, аз ҳадафҳои роҳбарияти шаҳри Душанбе дар самти мутобиқ намудани пойтахти кишвар ба талаботи муосири шаҳрсозӣ ба шумор мераванд.

Татбиқи ин ва дигар тадбирҳои созанда дар баробари фароҳам овардани шароити хуби истироҳату фароғат барои сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин симои шаҳрро боз ҳам ободу зебо менамояд.

АКСҲО аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Январь 8, 2022 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад