Дар Вазорати корҳои дохилӣ Озмуни «Таассуроти ман аз тамошои филми Пешвои миллат» ҷамъбаст гардид

Январь 21, 2022 13:38

ДУШАНБЕ, 21.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи Вазорати  корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни «Таассуроти ман аз тамошои филми Пешвои миллат» ҷамъбаст гардида, ғолибон ва иштирокдорони  фаъоли он қадрдонӣ шуданд. Дар озмуни мазкур ҷойи якум насби Фарзона Шокирзода аз шаҳри Ҳисор гардида, зинаи дуюмро    ду нафар иштирокчиён Достон Набиев аз шаҳри Душанбе ва Меҳрубон Ҳасанов аз шаҳри Истаравшан соҳиб гаштанд. Се нафар довталабони ин озмун — Рухшона Муродалиева аз шаҳри Душанбе, Умарҷон Ҳабибуллоев аз шаҳри Хуҷанд ва Фаридун Раҳимзода аз шаҳри Душанбе  ба гирифтани ҷой сеюм сазовор  шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии мамлакат.

Ба ғолибони Озмуни «Таассуроти ман аз тамошои филми Пешвои миллат», аз ҷумла ба ғолиби ҷойи якум 4000 сомонӣ, ба ҳар як нафар ғолиби ҷойи дуюм 1500 сомонӣ ва ба ҳар як нафар ғолиби ҷойи сеюм 1000 сомонӣ мукофотпулӣ супорида шуд. Инчунин ба тамоми иштирокчиёни  фаъоли озмун туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, барои иштирокдорони  он, ки ҷавонони касбу кори мухталиф аз минтақаҳои кишвар буданд, тамошои  мавзеъҳои фарҳангию фароғатии пойтахт ташкил гардид.

Муовини роҳбари дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ,  полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ дар маросими ҷамъбасти Озмуни «Таассуроти ман аз тамошои филми Пешвои миллат» иброз дошт, ки  озмуни мазкур ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр таҷлил  карда мешавад, ба роҳ монда шуд. Озмун  аз 16 ноябри соли сипаришуда эълон гардида,  то кунун идома дошт ва дар он  намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонони касбу кори гуногун аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд. Дар ин озмун намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз тамоми минтақаҳои кишвар ширкат варзида, мақолаҳои худро пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, чорабинии мазкур тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ эълон гардида буд.

Муовини сардори Академияи ВКД полковники милитсия Зикрулло Саидзода  зимни суханронии худ ҷавононро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои замони истиқлол даъват карда, гуфт ки  ҳадаф аз баргузории  озмуни  мазкур дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ  мебошад.

Пеш аз шурӯи  маросими ҷамъбасти озмун роҳбарияти Академияи ВКД ҷавононро  хуш  истиқбол гирифта, курсантони ин муассисаи олии мамлакат  дар назди ҳамсолони хеш шеърҳои ватандӯстона бо забонҳои тоҷикӣ ва русиву англисӣ қироат намуданд. Ҳамчунин  аз тарафи курсантон ба ҷавонон ҳар гуна машқҳои тактикӣ бо истифода аз силоҳҳои оташфишон намоиш дода шуд. Бо роҳбаладии устодони Академияи ВКД ҷавонон бо дастовардҳои ин муассисаи таълимӣ ва саҳми Пешвои миллат ҷиҳати фароҳам овардани шароити хубу арзанда ба курсантон шинос шуданд.

АКСҲО: ВКД

Январь 21, 2022 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Восеъ бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти иҷтимоӣ ва роҳҳои нав ба истифода дода шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ному осори Абуалӣ ибни Сино боиси сарфарозии тамоми инсоният гардидааст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Саломатии аҳолӣ сарвати асосии давлат мебошад»
Бо дастури Пешвои миллат ба оилаи аз офати табиӣ зарардида дар Кӯлоб хонаи нави истиқоматӣ тақдим гардид
«ТАБЛИҒГАРОНИ ИСТИҚЛОЛ». Гурӯҳи тарғиботӣ — ташвиқотӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод ва Шаҳринав дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро муаррифӣ намуд
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
10 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Баррӯшон соҳиби манзилҳои нав мешаванд
Бахшида ба Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ. Ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулода самти асосии фаъолияти ин ниҳод аст
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?