Дар вилояти Хатлон даъвати тирамоҳӣ натиҷагирӣ ва баҳорӣ ба нақша гирифта шуд

Январь 13, 2022 09:40

ДУШАНБЕ, 13.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Комиссариати ҳарбии вилоят фаъолияти худро дар асоси талаботи Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, то давраи ҳисоботӣ нақшаи даъватро 100,1 фоиз иҷро намуд. Вале ҳоло ҳам дар самти ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар мушкилиҳо зиёданд. Мо  танҳо дастҷамъона ва бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонони синни  хизматӣ метавонем дар ин раванд саҳм гузорем. Ин нуктаро  муовини Раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода 12 январ зимни баргузории  ҷаласаи корӣ оид ба натиҷагирӣ аз даъвати тирамоҳии ҷавонон, сафарбарӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва нақша барои даъвати баҳорӣ баён дошт. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар кори ҷаласа комиссари ҳарбии вилоят, прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар, комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар, кормандони мақомоти қудратӣ, мудирони шуъбаву сохторҳои дахлдори вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар иштирок намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа зикр шуд, ки Прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар вобаста ба ҳолати риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санад ва оиномаҳои корӣ ҳангоми гузаронидани таҳлилҳо аз рӯи аризаҳои шикоятии сокинон якчанд далели қонунвайронкуниҳоро дар ҳайати комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо ошкор намуд. Ҳамзамон  нисбат ба афсарон ва дигар нафароне, ки ҳангоми даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар қонунро вайрон кардаанд, тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.

Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки барои шавқманд намудани ҷавонону наврасон дар муассисаҳои таълимии вилоят омӯзиши фанни омодагии дифои ҳарбӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда шавад.

Муовини раиси вилоят ба комиссари ҳарбии вилоят, прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар, комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар, кормандони мақомоти қудратӣ, мудирони шуъбаву сохторҳои дахлдори вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки ба маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, ташаббускор шудаванд. Ҳамчунин дар ҳудуди маҳал бо ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда,  суҳбату вохӯриҳоро дар ин самт зиёд намоянд.

 

АКС аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Январь 13, 2022 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид