Дастаи ноҳияи Ашт дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол ҷои аввалро соҳид гардид
ДУШАНБЕ, 02.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол миёни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷои аввалро соҳид гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол миёни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид,
Дар даври ниҳоии мусобиқа дастаҳои ғолиби даври вилоятии вилоятҳо ва шаҳру навоҳии тобеи марказ миёни ҳам рақобат намуданд.
Дар фарҷоми мусобиқа ба ғолибон медал, диплом, мукофотпулӣ ва Ҷоми мусобиқа супорида шуд.
АКС аз МИҲД н.Ашт








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






