ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ОЛИМПИАДАИ ЗИМИСТОНАИ ПЕКИН ИШТИРОК МЕНАМОЯНД. Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин аз мулоқот бо сарони 20 кишвари ҷаҳон хабар дод

Январь 29, 2022 14:05

ДУШАНБЕ, 29.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо сарони беш аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот менамояд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора Телевизиони марказии Чин гузориш дод.

«Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин аз 4 то 6 феврал дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 ширкат варзида, барои сарони кишварҳои хориҷӣ, раисони ҳукуматҳо, аъзои оилаи шоҳон ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ зиёфат меорояд», — омадааст дар иттилоия.

Ба ғайр аз Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Олимпиада ҳамчунин Президенти Русия Владимир Путин, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, инчунин роҳбарони Қирғизистон, Сингапур, Миср, Лаҳистон, Сербия, Аргентина ва Эквадор иштирок мекунанд. Иштироки аъзои ҳукуматҳои мамлакатҳои гуногун низ дар назар аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 29, 2022 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорӣ дар Давлати Кувайт иштирок доранд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Фаронса-Осиёи Марказии Сенати Фаронса мулоқот намуд
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баррасӣ шуд
Соли 2025 дар самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон 128 санади байналмилалӣ ба имзо расид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешаванд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ду санади таърихӣ ба имзо расид
Консули генералии Тоҷикистон бо губернатори вилояти Новосибирск мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея вохӯрӣ намуд
Мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони байналмилалии муҳоҷират баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ баррасӣ шуд