ГАРМШАВИИ ГЛОБАЛӢ БОФТАИ ХАЁЛ НЕСТ. Уқёнуси ҷаҳонӣ соли 2021 маротибаи шашум пайи ҳам рекорди ҳарорат гузошт

Январь 12, 2022 11:42

ДУШАНБЕ, 12.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 дар Уқёнуси ҷаҳонӣ баландтарин ҳарорат дар таърих мушоҳида шудааст. Рекорди ҳарорати уқёнус соли шашум пай дар пай гузошта шуд. Олимон гармшавии уқёнусҳоро, пеш аз ҳама, ба буҳрони иқлимии башарият рабт медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳарорати уқёнусҳо содатарин нишондиҳандаи гармшавии глобалӣ дар сайёра мебошад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора «The Guardian» бо такя ба тадқиқоти иқлимшиносон, ки маҷаллаи илмии «Advances in Atmospheric Sciences» нашр кардааст, менависад.

Олимон ҳарорати максималии Уқёнуси ҷаҳониро дар таърихи мушоҳидаҳо дар соли 2021 сабт карданд. Арзиши рекордии он соли шашум пайи ҳам ба қайд гирифта мешавад.

Соли 2021, сарфи назар аз сардшавии мавсимии об дар уқёнуси Ором, рекорди гармӣ барои 2000 метр болои тамоми уқёнусҳои ҷаҳон сабт шудааст. Нишондиҳандаи соли 2021 таърихан баландтарин аз соли 1955, ки мушоҳидаҳо оғоз шуданд, мебошад. Аз рӯи ин нишондиҳанда дар ҷои дуюм соли 2020, дар ҷои сеюм – 2019 қарор дорад. «Дар саросари ҷаҳон дараҷаи гармии уқёнус мунтазам афзоиш меёбад ва ин нишондиҳандаи асосии тағирёбии иқлим аз ҷониби башарият аст», — гуфт иқлимшиноси Маркази миллии пажӯҳишҳои атмосферӣ дар Колорадо ва ҳаммуаллифи таҳқиқоти нашршуда Кевин Тренберт.

Дар тадқиқот гуфта мешавад, ки гармшавии уқёнусҳо ба пурзӯр шудани тӯфонҳо, гирдбодҳо ва бориши шадид мусоидат мекунад ва ин дар навбати худ, хатари обхезиҳои шадидро зиёд менамояд. Обҳои гарми уқёнусҳо яхбандиҳои азими Гренландия ва Антарктидаро маҷбуран об мекунанд. Онҳо дар як сол дар маҷмӯъ тақрибан 1 тонна ях мепартоянд, ки ба баланд шудани сатҳи баҳр мусоидат мекунад.

«Баланд бардоштани огоҳӣ ва дониш дар бораи уқёнусҳо асоси амалҳо барои мубориза бо тағйирёбии иқлим аст»,-изҳор дошт иқлимшиноси Донишгоҳи Пенн Майкл Манн ва 23 тадқиқотчии дигар, ки дар тадқиқот ширкат доштанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳарорати уқёнусҳо «то даме, ки мо ба партовҳои сифр тоза нарасем», боло меравад.

Уқёнусҳо бори гарони гармшавии глобалиро ба худ мегиранд, зеро ҳарорати глобалӣ аз сӯхтори сӯзишвории истихроҷшуда, буридани ҷангалҳо ва дигар фаъолияти инсонӣ боло меравад. Зиёда аз 90% гармии дар 50 соли охир ҳосилгардида тавассути уқёнусҳо ҷаббида шудааст. Мувофиқи далелҳои нави илмӣ, гармшавии дарозмуддат дар уқёнусҳои Атлантика ва Ҷанубӣ шадидтар аст. Аммо дар қисмати шимолии Уқёнуси Ором аз соли 1990 инҷониб болоравии «ногаҳонӣ»-и ҳарорат мушоҳида мешавад. Дар Баҳри Миёназамин рекорди баръалои ҳарорат дар соли 2021 сабт гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2021 зимни суханронӣ дар ҷаласаи онлайни Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба Ҳадафи шашуми рушди устувор дар ин бора ҳушдор дода буданд.

«Имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд», — гуфтанд Сарвари давлат вобаста ба сабабҳои гармшавии глобалӣ ва тағйирёбии иқлим.

Президенти Тоҷикистон аз пиряхҳои Помир мисол оварданд, ки дар он ҷо суръати обшавии қуллаи пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.

«Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ дар Тоҷикистон намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Ман пиряхи Федченкоро, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, дар назар дорам», — таъкид намуданд Пешвои миллат.

Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тӯли 70-80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки пиряхҳо захираи асосии оби соф мебошанд.

«Обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад», — иброз доштанд Сарвари давлат. Дар робита ба ин, Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон 6%-и қаламрави кишварро пиряхҳо ишғол менамоянд. Онҳо қариб тамоми Осиёи Марказиро бо оби тоза таъмин мекунанд.

                                АКС: Хадамоти иттилооти СММ/АМИТ «Ховар»

 

Январь 12, 2022 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Маводҳои таҳлилӣ