ИМРӮЗ — РӮЗИ АВВАЛИ СОЛИ 2022. Тибқи тақвими суннатии мучал имсол соли паланг аст

Январь 1, 2022 08:19

ДУШАНБЕ, 01.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 январ, шанбе, 1-умин рӯзи соли 2022 мебошад. Тибқи фарҳанги мардумӣ, дар баробари солшумориҳои мелодӣ (григориянӣ-аврупоӣ), ҳиҷрии қамарӣ ва ҳиҷрии шамсӣ, инчунин тақвими суннатии мучал низ маъмул аст.  Имсол тибқи тақвими суннатӣ соли паланг аст.  Ашхоси дар соли паланг таваллудшударо дар ҳама кору ҳолат ҳуш­ёриву зиракӣ ва эҳтиёткорӣ зарур аст. Онҳо бояд муносибат­ро ба дунё, зиндагӣ ва одамон тағйир диҳанд. Аз кору равандҳои шубҳанок канора ҷустан онҳоро аз бисёр мушкилӣ эмин хоҳад дошт. Дар масоили молиявӣ барор ёрашон мегардад.

Аз қадим миёни халқҳои Шарқ, аз ҷумла, тоҷикон солшуморие бо номи мучал  истифода мешавад, ки асоси ин тақвимро даври гардиши Муштарӣ дар атрофи Офтоб ташкил медиҳад ва он ба 12 сол баробар аст. Ҳар сол ба номи ҳайвоне  вобаста шудааст. Баъди гузаштани 12 сол номи ҳайвони аввал боз номи солро мегирад. Солгардонӣ одатан бо «муш» (аз 22 март) сар шуда, бо «хук» (то 21 март) хотима меёбад.

Ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ Абдусаттор Саидов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» доир ба хусусияти паланг чунин гуфт:

— Паланг яке аз калонтарин даррандаҳои рӯйи замин ба ҳисоб рафта, ба оилаи гурбашаклҳо мансуб аст. Хусусияти хоси паланг он аст, ки хеле чолоку  ҷасур буда, даррандаи ҳақиқӣ маҳсуб мешавад. Инчунин паланг дар об шино ва бозӣ намуданро бештар дӯст медорад,  барои наҷот ёфтан аз гармии ҳаво ва вазиши шамоли хушк бештар ба дохили об медарояд. Ин дарранда то 20 сол  ва  дар баъзе ҳолатҳо то 30 сол умр мебинад. Паланг даррандаест, ки тозагиро бештар дӯст медорад,   аз ин рӯ  баъди шикор ба об даромада, худро аз ифлосиҳо пок мекунад ва дар офтобрӯя фароғат  ва роҳат менамояд. Дигар хусусияти паланг аз он иборат аст, ки ин гурӯҳ даррандагон аз нигоҳи биниш ва шунавоӣ аз дигар намуди ҳайвонот бартарии зиёд дошта,  муҳити зисташонро хеле хуб меомӯзанд.

Дар Тоҷикистон шаш намуди оилаи гурбашаклҳо зиндагӣ намуданд. Яке аз калонтарин оилаи гурбашаклҳо, ки дар айни замон дар Тоҷикистон маълум аст, ин бабри барфӣ ё озодапаланг мебошад. Дар рӯи замин танҳо 12 кишвар дар табиати озод ифтихори доштани бабри барфӣ ё озодапалангро доранд. Тоҷикистон низ ба рӯйхати ин кишварҳо шомил шудааст.  Бабри барфӣ рамзи экосистемаҳои кӯҳии Тоҷикистон ба шумор рафта, барои ҳифз ва барқарор намудани саршумори ин намуди ҳайвони нодир аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар ҳудуди Тоҷикистон то солҳои 50-ум дигар оилаи гурбашаклҳо- паланги тӯронӣ зиндагӣ мекард. Он тахминан 2 миллион сол пеш дар шимоли Чин ва 1,5 миллион сол пеш дар Осиё пайдо шудааст. Паланги тӯронӣ дар солҳои 30-юми асри XX дар соҳилҳои Амударё, Вахшу Панҷ ва дигар экосистемаҳои кишварҳои Эрон, Ҳиндустон, Чин,  Наздибайкали Русия мушоҳида мегардид. Бо таъсири қонунияти табиат дар шароити табиати ёбоӣ аз 9 намуди паланг- амурӣ, бенгалӣ, ҳиндучинӣ, чинӣ, сумариягӣ, баливиягӣ, яваягӣ, тӯронӣ ва каспий  3 намуд — баливиягӣ, яваягӣ ва тӯронӣ  пурра аз байн рафтаанд.

Паланг ҷонварест, ки бо таъсири тағйирёбии табиат ва  хусусан  шикори бераҳмонаи инсонҳо ба он хатари нестшавӣ таҳдид дорад, аз ин рӯ аз соли 1947 шикори  паланг қатъиян манъ карда шудааст.

Дар Тоҷикистон  бо номи «Бешаи палангон»  мавзеъ вуҷуд дорад.

Ёдовар мешавем, ки олимони ҷаҳон бо ҳадафи  ҳифзи паланг мақсад гузоштаанд, ки саршумори палангро то соли 2022 ду маротиба зиёд намоянд. Инчунин ҷомеаи ҷаҳон 29 июл Рӯзи байналмилалии паланг /International Tiger Day/-ро  таҷлил менамояд.

Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии паланг  аз  ҳамоиши байналмилалӣ оид ба мушкилоти   ҳифзи паланг дар ҷаҳон, ки моҳи ноябри соли 2010 дар Санкт-Петербурги Русия доир гардида буд, ибтидо мегирад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз

Январь 1, 2022 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Мониторинги радиатсионии дараи Уреҷи кӯҳҳои Фон мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуд
Иқтидори сайёҳию рекреатсионии Тоҷикистон дар доираи таҳқиқи арзишманд муаррифӣ гардид
28 нафар зинаи магистратураи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуданд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионӣ ифтитоҳ гардид
Маърузаи олими тоҷик доир ба ҳифз ва рушди анъанаҳои миллии фарҳанг ва санъат дар ҷаҳон соҳиби ҷоизаи махсус гардид
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Узбекистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо ва иқлим ба нашр расид
Дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав системаи гармидиҳӣ насб мегардад
Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 332 донишҷӯ хатм намуд
Банаворгирии филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон бо номи «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз ёфт
«ПЕШВО, ҲИЗБ, МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии таъсиси ҲХДТ андешаҳои шахсиятҳои шинохтаи дунё ба нашр расид