IRS: Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок таъмин аст
ДУШАНБЕ, 20.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Пайомадҳои боқимондаи тармаҳои фаромада дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок айни замон бо сафарбарнамоии техникаву механизмҳои ширкат бартараф гардида, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар он таъмин гардид. Ҳамзамон кормандони филиали ширкат мунтазам роҳро аз барф тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард карда истодаанд, то ягон монеа барои ҳаракати мошинҳо дар роҳи мазкур пайдо нагардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин рӯзҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок, ки қисмати зиёди он аз минтақаи кӯҳистон мегузарад, хавфи эҳтимоли фаромадани сангпораҳо, лағжиши тарма ва кӯҳпора вуҷуд дорад. Ронандагон бояд аз эҳтиёт кор бигиранду эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо оранд.
Бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар мошинҳои сабукрав ба гузариши фураҳо ва нақлиёти ядакдор маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки филиали мазкур барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон дар намояндагии Варзоб 4312,5 метри кубӣ маводи зиддилағжиш, 150000 литр сӯзишвории дизелӣ, 80 тонна ангишт, 30 метри кубӣ ҳезум, 4100 литр равғани молиданӣ, 1700 литр антифриз захира намуда, 44 техникаву механизми барои ин мавсим пешбинишуда дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Дар намояндагии Зарафшон низ омодагӣ ба мавсими сармо ҷиддӣ буда, захира шудани 5600 тонна қум, 410 тонна намак, 90 тонна сӯзишвории дизелӣ, 16 тонна ангишт, 10 метри кубӣ ҳезум шаҳодати ин гуфтаҳост. Сӣ техникаи махсус ба мавсими тирамоҳу зимистон омода мебошанд.
Дар намояндагии филиали ширкат дар минтақаи Суғд низ 4000 тонна қум, 350 тонна намак, 40000 литр сӯзишвории дизелӣ, 20 тонна ангишт, 20 метри мураббаъ ҳезум захира шудааст. 34 адад техникаву механизм ба мавсими зимистон пурра омодаанд.
Баробари расидани иттилои нав оид ба вазъи роҳи мазкур маълумоти иловагӣ пешниҳод мегардад.
АКС: маркази матбуоти ширкати IRS








Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид






