IRS: Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок таъмин аст
ДУШАНБЕ, 05.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Пайомадҳои боқимондаи тармаҳои фаромада дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок айни замон бо сафарбарнамоии техикаву механизмҳои ширкат бартараф гардида, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар он таъмин аст. Ҳамзамон кормандони филиали ширкат мунтазам роҳро аз барф тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард карда истодаанд, то ягон монеа барои ҳаракати мошинҳо дар роҳи мазкур пайдо нагардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин рӯзҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок, ки қисмати зиёди он аз минтақаи кӯҳистон мегузарад, хавфи эҳтимоли фаромадани сангпораҳо, лағжиши тарма ва кӯҳпора вуҷуд дорад. Ронандагон бояд аз эҳтиёт кор бигиранду эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо оранд.
Ёдовар мешавем, ки филиали мазкур барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон дар намояндагии Варзоб 4312,5 метри кубӣ маводи зиддилағжиш, 150000 литр сӯзишвории дизелӣ, 80 тонна ангишт, 30 метри кубӣ ҳезум, 4100 литр равғани молиданӣ, 1700 литр антифриз захира намуда, 44 техникаву механизми барои ин мавсим пешбинишуда дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Дар намояндагии Зарафшон низ омодагӣ ба мавсими сармо ҷиддӣ буда, захира шудани 5600 тонна қум, 410 тонна намак, 90 тонна сӯзишвории дизелӣ, 16 тонна ангишт, 10 метри кубӣ ҳезум шаҳодати ин гуфтаҳост. Сӣ техникаи махсус ба мавсими тирамоҳу зимистон омода мебошанд.
Дар намояндагии филиали ширкат дар минтақаи Суғд низ 4000 тонна қум, 350 тонна намак, 40000 литр сӯзишвории дизелӣ, 20 тонна ангишт, 20 метри мураббаъ ҳезум захира шудааст. 34 адад техникаву механизм ба мавсими зимистон пурра омодаанд.
Баробари расидани иттилои нав оид ба вазъи роҳи мазкур маълумоти иловагӣ пешниҳод мегардад.
АКС: маркази матбуоти ширкати IRS








Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






