IRS: Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок таъмин гардид
ДУШАНБЕ, 18.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Чанд лаҳза пеш ба шарофати меҳнати пурмаҳсули кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи мошингарди Душанбе-Чанок аз тармаҳо озод ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз ду самт: Душанбе- Хуҷанд ва Хуҷанд- Душанбе ба роҳ монда шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Роҳбарони ширкат ба маълумоти ронандагон мерасонанд, ки дар ин мавсим ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, риояи талабот ва меъёрҳои муқарраршудаи бехатарии ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла, бо лавозимоти ҳимоявӣ (симтобаи кашолакунӣ, занҷир, болиштаки зиддилағжиш ва ғайра) муҷаҳҳаз будан бояд пайваста дар мадди назарашон бошад.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар мошинҳо ба гузариши фураҳо ва нақлиёти ядакдор маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ гардидааст.
Баробари расидани иттилоъ оид ба вазъи роҳи мазкур маълумоти иловагӣ пешниҳод мегардад.
АКС: маркази матбуоти ширкати IRS








АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид






