Коршиноси масоили сиёсӣ З. Давлатов: «Ҳодисаҳои Қазоқистон баёнгари онанд, ки он ҷо таҳаввулоти ҷиддитаре дар ҳоли шаклгирист»
ДУШАНБЕ, 11.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ҳодисаҳои 2-7 январи соли 2022 дар Қазоқистон рухдода баёнгари онанд, ки он ҷо таҳаввулоти ҷиддитаре дар ҳоли шаклгирист. Дар ин бора сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Зубайдулло Давлатов вобаста ба даргириҳои ахир дар Қазоқистон дар матлабе, ки имрӯз АМИТ «Ховар» нашр намуд, изҳор доштааст.
Ба андешаи коршинос, садо баланд кардани гурӯҳҳои ифротӣ дар ин кишвар ба хотири ҷалби миллигароҳо баёнгари он аст, ки ҳам барои Осиёи Марказӣ ва ҳам барои Авруосиё таҳдидҳои ҷиддӣ дар роҳанд. «Аммо дар Қазоқистон то ҳол гурӯҳҳои ифротиро ҷиддӣ намегирифтанд ва фикр мекунам, дар шинохти ин гурӯҳҳо талоши ҷиддие анҷом намешуд. Ҳоло аз ин вазъ гурӯҳҳои норозии дигар ҳам метавонанд истифода кунанд. Аммо фикр мекунам, ки вазъ ором мешавад ва ин ҷо нооромиҳо идома нахоҳанд ёфт», — тазаккур додааст З. Давлатов.
Ҳар гуна нооромиҳо дар Қазоқистон, ба ақидаи коршинос, метавонанд ба кишварҳои ҳамсоя таъсири манфӣ расонанд, зеро Ҷумҳурии Қазоқистон аз нигоҳи ҷуғрофӣ ва нуфуз калон аст.
«Аҳамияти иқтисодии Қазоқистон барои Тоҷикистон хеле калон аст. Роҳҳои транзитии Қазоқистон ба Русияву Аврупо ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои кишварҳои минтақа роҳҳои ҳаётӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамлаҳо ба идораҳои давлатӣ, бонкҳо, беморхонаҳо кори дасти ифротиён аст, вале дигар омилҳоро низ бояд ба инобат гирифт. Зеро пушти ҳамаи ин низоъҳо коргардонҳои аслии он меистанд, тавре Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ба ин нукта сароҳатан ишора намуд», — иброз медорад сардори раёсати МТС.
АКС: АМИТ “Ховар”









Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






