Кумитаи рушди сайёҳӣ масъалаи омода намудани мутахассисони соҳаи меҳмондориро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 21.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҳафтаи сайёҳии Тоҷикистон», ки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020» доир шуд, мулоқоти муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода бо муассис ва раиси Abraham Business Circle (Шурои сармоягузорони Абраҳам) доктор Рафаэл Нагел баргузор гардид.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни ин вохӯрӣ тақвияти ҳамкорӣ бо Шӯрои Abraham Business Circle дар ҷалби сармоя дар соҳаи сайёҳии Тоҷикистон, омода намудани мутахассисон дар соҳаи меҳмондорӣ ва сайёҳӣ дар заминаи платформаи омӯзишии маҷозии PhD Studies, ки бо донишгоҳҳои Британияи Кабир ва Аврупо пайваст аст, муҳокима гардид.
Рафаэл Нагел таъкид намуд, ки дар асоси лоиҳаи озмоишӣ ва мувофиқаи дуҷониба омодааст дар заминаи платформаи омӯзишии маҷозии PhD Studies ҷиҳати омода намудани мутахассисони бакалавр ва ё магистри соҳаи меҳмондорӣ ва идоракунии сайёҳӣ мусоидат намояд.
Тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки дар ин самт ҳамкориро ҷоннок намуда, дар кутоҳтарин муҳлат лоиҳаи озмоиширо ҷиҳати омода намудани мутахаасисони соҳаи сайёҳӣ оғоз менамоянд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳӣ








Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»






